Оё инҳо мусалмон нестанд!?
Ахбори байналмилал
Муътазз Матар, фаъоли расонаии мисрӣ, дишаб суханоне гуфт ва касоне аз мусалмононро мавриди хитоби худ қарор дод, ки хештанро мусалмон медонанд, аммо заррае аз мусалмонӣ ба машом набурдаанд.
Ҳамаи суханон ва ҳарфҳои ӯро лафз ба лафз тарҷума намекунам, хулосаашро менависам:
Дар бораи Ҳизбуллоҳи Лубнон мегӯяд, ки имрӯз аз иззат ва шарафи мусалмонон дифоъ мекунад.
Мегӯяд, имрӯзҳо садҳо ва ҳазорон шайхҳо дар минбарҳои масҷидҳо дуо мекунанд; барои ҳамаи мусалмонон аз Фаластин бигир то Бирма, аммо ҳеч сухане ва ҳарфе барои диловармардони Ҳизбуллоҳ ба забон намеоваранд.
Ба якеашон гуфтам, чаро аз онҳо ёд намекунед ва барояшон дуо намекунед?
Дар ҷавоб ин шайх мегӯяд, инҳо шиа ҳастанд.
Мепурсам, магар намоз намехонанд, магар маросими исломӣ ба ҷой намеоваранд?
Мегӯяд, инҳо шиа ҳастанд. Ва чунон сухан мегӯяд, ки гӯӣ инҳо мусалмон нестанд.
Аз Сурия мегӯяд, ки Ҳизбуллоҳ дар Сурия чунин карду чунон.
Қаламонлайн













