Мусалмони воқеӣ кист?

Мусалмони воқеӣ кист?

Мактаби инсоният

“Ислом дини ҳақиқатгаро ва воқеъгарост. Луғати ислом ба маънии таслим аст ва нишондиҳандаи ин ҳақиқат аст, ки аввалин шарти мусалмон будан, таслими воқеиятҳо ва ҳақиқатҳо будан аст. Ҳар навъ саркашӣ, лаҷоҷат, таассуб, тақлидҳои кӯр-кӯрона, ҷонибдориҳо, худхоҳиҳо аз он назар, ки бар хилофи руҳи ҳақиқатхоҳӣ ва воқеъгароӣ аст, аз назари ислом маҳкум ва матруд аст.

Аз назари ислом, агар инсоне ҳақиқатҷӯ, беназар ва кӯшо дар роҳи вусул ба ҳақ бошад, фаразан ба ҳақиқат нарасад, маъзур аст. Ва агар касе дар руҳи худ инод ва лаҷоҷат дошта бошад, фаразан ҳақиқатро ба далели тақлид ва ё виросат ва амсоли инҳо пазируфта бошад, арзише надорад.

Мусалмони воқеӣ чӣ мард ва чӣ зан, ба ҳукми руҳи ҳақиқатҷӯии худ, ҳикмат ва ҳақиқатро ҳар куҷо ва назди ҳар кас ёфт, иқтибос мекунад ва фаро мегирад; дар роҳи кашф ва таҳсили илм таассуб ба харҷ намедиҳад; фаразан дар дуртарин нуқоти ҷаҳон онро биёбад, ба сӯяш мешитобад.

Мусалмони воқеӣ ҳақиқатҷӯиро на ба замони муайяне аз умри хештан маҳдуд мекунад ва на ба минтақае хосс мунҳасир мекунад ва на онро дар инҳисори ашхоси муайян медонад, зеро пешвои бузурги ислом фармудааст:

طَلَبُ الْعِلْمِ فَریضَةٌ عَلی‏ کلِّ مُسْلِمٍ

“Ҷӯёи дониш будан, фаризаи ҳар мусалмоне аст (аъамм аз мард ё зан.” (Биҳорул-анвор, ҷ.1 с.177) Ва ҳам фармуда:

خُذُوا الْحِکمَةَ وَلَوْ مِنَ الْمُشْرِک

“Ҳикматро ҳар куҷо ва дар дасти ҳар кас дидед, фаро гиред ҳарчанд дар дасти як мушрик.” (Туҳафул-уқул, с.198) Ва ҳам фармудааст:

الْحِکمَةُ ضالَّةُ الْمُؤْمِنِ فَلْیطْلُبْها وَلَوْ في یَدِ أهْلِ الشِّرْکِ

(“Ҳикмат гумшудаи мӯъмин аст, пас биҷӯяд онро ҳарчанд дар дасти аҳли ширк.”) “Донишро биҷӯед ҳарчанд лозим бошад то Чин сафар кунед.” Ва низ мансуб ба ӯст:

اطْلُبُوا الْعِلْمَ مِنَ الْمَهْدِ الَی اللَّحْدِ

“Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯед.”

Пиндорҳои сатҳӣ ва якҷониба дар масоил ва ҳамчунин тақлидҳои кӯр-кӯрона аз падарону модарон ва таслими суннатҳои маврусӣ шудан, аз ҳамин назар, ки бар зидди руҳи таслим ва ҳақиқатхоҳии исломӣ аст ва мӯҷиби хато ва инҳироф ва дурӣ аз ҳақиқат мешавад, маҳкум аст…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҷаҳонбинии тавҳидӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оташсӯзӣ дар нови ҳавопаймобари амрикоӣ
Оё инҳо мусалмон нестанд!?

Матолиби пурбоздид