Оё эрониҳо ба зӯри шамшер исломро қабул карданд?
Торихи ислом
Суханони такондиҳандаи Алӣ Шариатӣ
“Ман мӯътақидам, ки дар таърихи Эрон ҳеч кас ва ҳеч гурӯҳе, зишттар ва занандатар аз донишмандон ва муҳаққиқони эрондӯсти мо — ки бо таҳқири ислом ва таҳқири тамаддуни ислом, пиндоштаанд, ки аз асолати қавми эронӣ дифоъ кардаанд — чунин зарбае муҳлик ба ҳайсият ва асолати ин миллат назада. Чаро?
Аз ӯ мепурсӣ, эрониҳо чаро мусалмон шуданд?
Тавҷеҳ мефармояд, яке аз тарси шамшер ва дуюмӣ ба хотири ҷизя… Пасттарин миллат дар таърих шоистаи чунин тӯҳмате нест.
Ту исломро маҳкум мекунӣ ё миллатро?! Миллате, ки ба хотири молиёт динашро иваз мекунад, чӣ арзише дорад?! Ва оё пасттар ва забунтар аз чунин миллате дар таърих ҳаст?!
Ман, метавонам — дар ҳоле, ки исломро ба унвони як ҳақиқати бузург, ба унвони маҷмӯае аз шиорҳои наҷотбахши инсонӣ, ба унвони эъломи баробарии умумӣ, ба унвони арзаи як ҷомеаи бедевор, бедар, озод, мубтанӣ бар адолат ва мубтанӣ бар баробарии истеъдодҳо ва фурӯ рехтани деворҳо ва қайду бандҳои табақотӣ ва гурӯҳӣ ва нажодӣ ва хонаводагӣ муаррифӣ кунам — бузургтарин ситоишро нисори миллати худам мекунам; ки дар сахттарин ва печидатарин ва мубҳамтарин замон, ки бар ӯ гузашт, тавонист ташхис бидиҳад ва алорағми суннатҳо ва одоте, ки дошт, мазҳаб ва суннати кӯҳна ва фарсудаи худашро монанди як рӯшанфикр, монанди як инсони мантиқӣ, ки месанҷад ва мебинад ва мешиносад ва ташхис медиҳад ва интихоб мекунад, исломро баргузид.
Ман, дар ҳоле ки исломро мешиносам, ситоиш мекунам миллати худамро на ту; ки мехоҳӣ бигӯӣ, ин миллат, мабҳути ҳақиқат ва зебоии инсонӣ ва усули илмӣ ва мантиқии ислом ба ин ҳарфҳо сараш нашуда…”
(Алии Шариатӣ, суханронӣ: “Алӣ ва ҳаёти борвари ӯ пас аз марг”)
Қаламонлайн













