Алҷазира: Тамоми савоҳили баҳри Сурх акнун таҳти контроли Ҳусиҳост

Алҷазира: Тамоми савоҳили баҳри Сурх акнун таҳти контроли Ҳусиҳост

Ахбори байналмилал

Алҷазира дар гузорише навишт:

Ҳусиҳо охирин бахш аз савоҳили баҳри Сурхро низ тасарруф кардаанд ва бо такмили як амалиёти 18-соата, контроли комили ин навори соҳилиро ба даст гирифтаанд.

Гузориш меафзояд: Бо тавваҷӯҳ ба хуруҷи нерӯҳои давлатӣ (муздурон) аз Алмахо, нерӯҳои Ҳусӣ ҳангоми пешравӣ ба самти ҷануб, бо муқовимати чандоне рӯ ба рӯ нашуданд ва пас аз тасарруфи Зубоб шаҳри Муродро низ ба контроли худ дароварданд; Мурод охирин шаҳри соҳилӣ буд, ки ҳамчунон дар ихтиёри нерӯҳои давлатӣ (муздурон) қарор дошт.

Алҷазира навишт: Нерӯҳои дарёии Ҳусиҳо ҳамакнун бо пешравӣ дар обҳои соҳилӣ, ҷазираи Муюн (Перим) дар тангаи Бобулмандибро тасарруф карданд ва вориди ҷазираи Зуқар шуданд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳусиҳо контроли шаҳри Зубоби Яманро ба даст гирифтанд
Ҳиллари Клинтон: Эрон ҳушмандона бозӣ мекунад

Матолиби пурбоздид