Амрико беш аз 60 миллион доллар ба бахши амниятии Тоҷикистон кумак хоҳад кард

Амрико беш аз 60 миллион доллар ба бахши амниятии Тоҷикистон кумак хоҳад кард

Ахбори байналмилал

Вашингтон эълом кардаааст, дар ду соли оянда, ба манзури кумак ба бахши амниятии Тоҷикистон, беш аз шаст миллион доллар ихтисос медиҳад.

Чанде пеш, сафорати Амрико эълом кард, дар чорчӯби барномаи кумак ба Тоҷикистон барои тақвияти марзҳо, даҳ дастгоҳ худрави низомии «Jeeps» ба ин кишвар эҳдо кардааст.

Инчунин, моҳи майи соли ҷорӣ, сафорати Амрико ба арзиши 2.3 миллион доллар ба Вазорати дифои Тоҷикистон эъто карда буд. Ҳамчунин дар моҳи октябри соли гузашта, Амрико 20 дастгоҳ худрави низомии «Jeep J8» ба арзиши 1.4 миллион доллар дар ихтиёри неруҳои вижаи Вазорати дифои Тоҷикистон қарор дода буд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафири Эрон дар Тоҷикистон: “Ду кишвар ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсии хубе доранд”
Таъкиди масъулини Тоҷикистон ва Туркия бар лузуми ҳамкориҳои расонаӣ

Матолиби пурбоздид