Ҷавонӣ шамъи раҳ кардам…

Фарҳанг

Ҷавонӣ шамъи раҳ кардам…

Шаҳриёр

Ба муносибати Рӯзи бузургдошти устод Шаҳриёр

Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон, 27 шаҳривар (18 сентябр)-ро, ки солрӯзи даргузашти Муҳаммадҳусайни Беҳҷати Табрезӣ мутахаллис ба Шаҳриёр аст, ба пешниҳод ва пайгирии Алиасғари Шеърдӯст, сафири пешини Ҷ.И.Эрон дар Тоҷикистон, ки аз шахсиятҳои фарҳангии аҳли Табрез низ ҳаст, ба унвони “Рӯзи миллии шеъру адаби порсӣ” ном ниҳодааст.

Ба ашки ман гулу гулзори шеъри форсӣ, хандон,

Мани шӯридабахт аз чашми гирён, абри найсонам…

Фалак! Гӯ бо ман ин номардию номардумӣ бас кун,

Ки ман султони ишқу Шаҳриёри шеъри Эронам.

Шояд иғроқ набошад агар Шаҳриёрро охирин шоири ғазалсаройи чирадасти адаби форсӣ номид, чаро ки пас аз ӯ дигар қолаби ғазал шоири бузурге ба худ надид.

Шаҳриёр шоире шӯридааст, ки ҳамчун аслофаш аз ишқи заминӣ ва маҷозӣ, ба ишқи осмонӣ ва ҳақиқӣ даст ёфт ва ин гузору гузар гавҳари вуҷудашро дар кӯраи сахтиҳо гудохт ва бар аёраш афзуд.

Расотарин ва гӯётарин шарҳи ҳоли Шаҳриёр ашъори ӯст; шарҳи ишқи тӯлонӣ ва оташини Шаҳриёр дар ғазалҳои “Тӯшаи сафар”, “Парвона дар оташ”, “Ғавғои ғуруб ва бӯйи пероҳан” ва ғайра машрӯҳ аст.

Табъи Шаҳриёр дар сурудани гунаҳои мухталифи шеъри форсӣ монанди қасида, маснавӣ, ғазал, қитъа, рубоӣ ва шеъри нимоӣ чирагӣ дошт ва бисёре аз аҳли шеъру адаб ӯро барҷастатарин шоири муосир мешиносанд.

Зиндагиаш ошиқона бо шеъру ҳунар даромехта буд; ҳам хушнависӣ мекард ва хатти настаълиқ ва таҳрирро хуб менавишт ва ҳам бо сетор унсе дошт ва чунон табаҳҳуре, ки дилбарӣ мекард; ва ҳамаи ин ишқварзиҳо дар ашъораш ҷорӣ буд.

Шаҳриёр ба далели ғазалҳо ва маснавиҳои форсии худ низ шоире машҳур аст ва метавон бидуни иғроқ ӯро пурмухотабтарин шоири форсизабони рӯзгори мо донист.

Шояд камтар шеъре ба андозаи ғазали “Алӣ эй ҳумои раҳмат”-и ӯ бо гурӯҳҳои мухталифи мухотабони форсизабон иртиботи ҳиссӣ ва отифӣ барқарор карда бошад.

Бисёре аз шеърҳои ӯ дар миёни калому сухани рӯзмарраи мардум равон шуда ва ба сурати зарбулмасал даромадааст:

То ҳастам эй рафиқ, надонӣ, ки кистам,

Рӯзе суроғи вақти ман ойӣ, ки нестам.

* * *

Аз зиндагониам гила дорад ҷавониам,

Шармандаи ҷавонӣ аз ин зиндагониам.

* * *

Ҷавонӣ шамъи раҳ кардам, ки ҷӯям зиндагониро,

Наҷустам зиндагонирову гум кардам ҷавониро.

* * *

Омадӣ ҷонам ба қурбонат, вале ҳоло чаро,

Бевафо ҳоло, ки ман афтодаам аз по чаро.

Ғазали “Ҳумои раҳмат” яке аз сурудаҳои машҳур ва шӯрангези Шаҳриёр дар васфи мавлои муттақиён Алӣ (а) аст. Ӯ дар ин суруда, бо баҳрагирӣ аз забоне самимӣ ва отифӣ ва содда ва равон, бовар ва имони амиқ ва иродати худро нисбат ба аҳли байт (а) ошкор месозад.

Ғазали “Ҳумои раҳмат”-ро нишонаи эътиқод ва ихлоси Шаҳриёр ба Имом Алӣ (а) донистаанд, ки бо баҳрагирӣ аз таркиботи хушоҳанг ва маонии амиқи орифона суруда шудааст. Шеъри “Ҳумои раҳмат” мавриди таваҷҷӯҳи уламо ва шоирон будааст ва чандин шеър бо вом гирифтани мисроъ ё абёте аз он бо ҳамон вазн ва қофия (тазмин) суруда шудааст.

Аз Сайидризо Баҳоуддинӣ, фақеҳ ва ориф нақл шуда: “Банда ашъори зиёде дар бораи аҳли байт (а) бахусус ҳазрати Алӣ (а) шунидаам, аммо ҳеч шеъре ҳамчун “Алӣ эй ҳумои раҳмат”-и Шаҳриёри Табрезӣ ҷаззобият надоштааст.”

Алӣ эй ҳумои раҳмат, ту чӣ оятӣ Худоро,

Ки ба мосиво фикандӣ, ҳама сояи ҳуморо.

Дил агар Худошиносӣ, ҳама дар рухи Алӣ бин,

Ба Алӣ шинохтам ман, ба Худо қасам Худоро.

Ба Худо, ки дар ду олам, асар аз фано намонад,

Чу Алӣ гирифта бошад, сари чашмаи бақоро.

Магар эй саҳоби раҳмат, ту биборӣ, арна дӯзах,

Ба шарори қаҳр сӯзад ҳама ҷони мосиворо.

Бирав эй гадои мискин, дари хонаи Алӣ зан,

Ки нигини подшоҳӣ, диҳад аз карам гадоро.

Ба ҷуз аз Алӣ, ки гӯяд ба писар, ки қотили ман,

Чу асири туст акнун, ба асир кун мудоро.

Ба ҷуз аз Алӣ, ки орад, писаре Абулаҷоиб,

Ки алам кунад ба олам, шуҳадои Карбалоро.

Онҳое, ки Шаҳриёрро аз наздик дидаанд, бидуни шак дар ҷозибаи шахсияти содиқ ва самимии ӯ қарор гирифтаанд ва ин садоқат ва саломат дар вожагон, таркибсозӣ ва печу хами ғазали Шаҳриёр низ бозтоб ёфтааст.

Аммо рози маҳбубияти Шаҳриёрро на фақат дар шеърҳояш, ки дар маниш ва мароми ӯ бояд ҷуст. Се вежагии бориз дошт, ки сахт мавриди эҳтироми мардум аст: наҷобат, фурӯтанӣ ва соддазистӣ.

Ахавон дар муқаддимаи китоби “Бидъатҳо ва бадоеъи Нимо Юшич” ва “Ато ва лиқои Нимо Юшич”, бо ҳамон насри ширин ва таннози худ, зимни нақли қавле аз Шаҳриёр дар хусуси Нимо, домани суханро ба самти иродат ва муҳаббате мебарад, ки миёни худ ӯ ва Шаҳриёр дар ҷараён будааст. Насри пурхуну танзпардоз Ахавон дар баёни ин иродат ва меҳрварзӣ чунон латиф ва эҳсосотӣ мешавад, ки ба вузуҳ мефаҳмӣ вақте аз “Умедҷон” гуфтанҳои Шаҳриёр менавишта, ашк аз гуна мегирифтааст.

Аҷибтар аз ин робитаи ҳиссӣ, дилбастагӣ ва иртиботи шигифте аст, ки миёни Нимо ва Шаҳриёр ба вуҷуд омада буд ва то поёни умри Нимо ин ришта гусаста нашуд. Риштае аз пайванде ҳиссӣ, ки ду инсон аз ду фазои фикрии мутафовитро дар дардҳои муштарак ҳамхуну ҳампайванд мекунад ва яке наъра бармеоварад, ки:

Нимо! Ғами дил гӯ, ки ғарибона бигирйем,

Сарпеши ҳам орему ду девона бигирйем.

Яке аз бузургтарин вежагиҳои Шаҳриёр, ки мӯҷиб шуда осораш дар миёни шоирони муосир аз ҷойгоҳи вежае бархӯрдор бошад, истиқрори ӯ дар ҷойгоҳи бузургтарин шоирони дузабонаи таърихи адабиёти Эрон аст. Шаҳриёр, ки аз силсилаи шоирони форсигӯйи Озарбойҷон аст, ба далели тасаллути моҳирона ба забони форсӣ ва пайванди он бо зароифи туркӣ, шоистаи дарёфт унвони фавқ шудааст.

Агар бихоҳем ба ду вежагии намоён ва дурахшон дар Шаҳриёр ишора кунем, нахуст тағаззулҳои ноби вай аст ва дигаре, сурудаҳои Эрондӯстона ва миҳанпарастонаи вай аст.

Асғари Додбеҳ, аз барҷастатарин устодони адабиёти форсӣ ва ирфони исломӣ мегӯяд: “Шаҳриёр пас аз Маликушшуарои Баҳор, бештарин ашъори Эронгароёна ва Эронхоҳонаро дорад.”

Паёми ман ба гурдону далерон,

Даррандаи ханҷарон, дӯзандаи тирон.

Гарам хун рехт душман, Шаҳриёро!

Ба хун донӣ чӣ бандам нақш? Эрон.

Модаре, ки дӯст дошт, писараш шеъри туркӣ бигӯяд

Модари Шаҳриёр — зане, ки илҳомбахши бисёре аз ашъори ӯст — рӯзе ба Шаҳриёр мегӯяд: ашъоре, ки мегӯӣ, ба форсӣ аст ва ман мутаваҷҷеҳ намешавам, ба туркӣ шеър бигӯ. Аз ин рӯ оқо Муҳаммадҳусайн шеърҳоеро ба туркӣ мегӯяд, ки шохистарин ва маъруфтарини он “Ҳайдар Бобо” аст, ки барои модараш мехонад ва ӯ ин шеърро бисёр дӯст медошт.

Мазмуни ағлаби бандҳои он шоистаи тарсиму наққошӣ аст, зеро аз табиати ҷондор сарчашма мегирад. Қалби поку инсондӯсти Шаҳриёр бар саҳнаҳо нур мерезад ва хонандагони шеърашро ба гузаштаҳои дур мебарад.

Ниме аз ин манзума номнома ва ёдвора аст, ки шоир дар он аз хешону ошноён ва мардуми зодгоҳи худ ва ҳатто чашмаҳо ва заминҳо ва сахраҳои атрофи Хушгиноб ном мебарад ва ҳар якро дар шеъри худ ҷовидонагӣ мебахшад.

“Ҳайдар Бобо” тараннуми ёди боронк чашмаву домана аст ва мардумони наҷиби зодгоҳаш ва чунон аз дил баромад, ки сахт бар дилҳо нишаст. Ба даҳҳо забон тарҷума шуд ва мардумони сарзаминҳои ҷудоафтода ҳамчунон онро азиз медоранд ва замзама мекунанд.

Дидор бо раҳбари шаҳид

Мӯҳсини Аскарӣ, аз шуаро ва маддоҳони номии Озарбойҷон, дар бораи дидори Шаҳриёр ва шаҳид Оятуллоҳ Хоманаӣ мегӯяд:

“Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, замони риёсати ҷумҳурӣ мусофирате ба Табрез доштанд, ки барномаҳояшон фишурда буд.

Шаби шеъре гузошта буданд барои шуаро ва ниҳояти лутфи эшон буд, ки маддоҳҳо ва шуаро ҳам ширкат дошта бошанд. Мунтаҳо шарт карда буданд — албатта баъд мо шуруташонро мутаваҷҷеҳ шудем — шарт карда буданд, ки дар устондорӣ як маҷлисе бигузоред, шуароро даъват кунед, ҳатман устод Шаҳриёр ҳам бошад ва гуфта буданд, ки вуруди ман (Оятуллоҳ Хоманаӣ) ба ҷаласа қабл аз Шаҳриёр бошад ва барномаро тавре танзим кунем, ки баъд аз эшон, устод Шаҳриёр дар маҷлис биёяд.

Аввал ҳазрати оқо ташриф оварданд, нишастем ва 5-6 дақиқа баъд аз ташриффармоии ҳазрати оқо, эълони вуруди устод Шаҳриёрро карданд, ки рафта буданд дунболаш.

Замоне, ки ҳазрати оқо мутаваҷҷеҳ шуданд, устод Шаҳриёр ба ҷаласа омадаанд, бо ниҳояти бузургаворӣ баланд шуданд ва ба самти дар рафтанд ва аз Шаҳриёр истиқбол карданд.

Он мавқеъ мутаваҷҷеҳ шудем, ки чаро ҳазрати оқо ҳамчунин шарте карда, ки Шаҳриёр ба пойи эшон баланд нашавад, балки эшон ба истиқболи Шаҳриёр биравад ва айни ҷумлае ҳам, ки дар аввалин бархӯрд баъд аз салом ва рӯбӯсӣ бо устод доштанд, фармуданд: аз орзуҳои зиндагиам зиёрати ҳазрати олӣ буд, ки имшаб алҳамду лиллоҳ муваффақ шудам.

Баъд бо ниҳояти эҳтиром оварданд бағали дасташон ҷо доданд ва шурӯъ кардем ба шеър хондан, ки охири сар аз Шаҳриёр пурсиданд, барои Амирулмӯъминин (а), Сайидушшуҳдо (а) ва барои оқо Имоми Замон ашъоре аз шумо дидем.

Барои модарамон ҳазрати Заҳро (а) коре накардаӣ? Надидам шеъре барои ҳазрати Заҳро (а) аз шумо.

Устод фармуданд, ки чаро, як шеър дорам барои ҳазрати Заҳро (а), он рӯз хидмати ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ он шеърро хонданд.

istaravshani.com

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яман: Ширкати Арамко ва пойгоҳи ҳавоии Арабистонро дарҳам кӯбидем
Ҳақ ва адолат дар ҷаҳон ҳумфармост ё зулм ва ботил?

Матолиби пурбоздид