Офати дин кадом аст?
Паёмбари Акрам (с) фармоянд:
آفةُ الدِّينِ ثلاثةٌ : فَقيهٌ فاجرٌ، وإمامٌ جائرٌ ومجتَهدٌ جاهلٌ
“Се чиз офати дин ба шумор меравад: фақеҳи фоҷир, пешвои ситамгар ва кӯшандаи нодон.” (Ривояти Абдуллоҳ ибни Аббос) Дар бархе алфоз чунин омада: пешвои ситамгар, ибодаткунандаи нодон ва олими фосиқ ва гуноҳкор.
Яъне чунонки як кирм офати гиёҳ аст, ки агар гиёҳеро кирм занад, он гиёҳ аз байн меравад ва ё бемории саратон барои инсон, ки агар Худой нокарда домангири касе шавад, ӯро аз байн мебарад, ҳамчунин аст як ҳокими ситмапеша ва ё як муллои фосиқу фоҷир ва ё як одами обид ва ибодатпеша аммо нодон ва ҷоҳил нисбат ба дин, ки ин се тоифа офатанд ва дини ҷомеаро аз байн мебаранд.
Таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн












