Таъмини шодмонӣ дар хонавода

Таъмини шодмонӣ дар хонавода

Изҳори дӯстӣ

Таъмини шодмонӣ дар хонавода амри бисёр муҳим аст.

Изҳори дӯстӣ яке аз мавридҳоест, ки шодмониро дар хонавода таъмин мекунад.

Ошкор намудани муҳаббату дӯстӣ сабаб мешавад, зиндагӣ дар коми зан ширин бошад ва аз зиндагии муштарак лаззат барад ва шодобиро таҷриба кунад, бинобар ин зан бояд эҳсос кунад, шавҳараш ба ӯ ишқ меварзад ва ӯро аз самими қалб дӯст медорад.

Маълум аст, ки агар ишқу дӯстӣ танҳо дар дил бимонад ва ба забон ҷорӣ нашавад ва дар амал ва рафтор дида нашавад, кофӣ нахоҳад буд. Ишқу дӯстӣ бояд ба забон ҷорӣ шавад ва дар амал ба исбот бирасад.

Расули Худо(с) мефармоянд: “Сухани мард, ки ба ҳамсараш бигӯяд: ман туро дӯст медорам, ҳаргиз аз ёди ӯ намеравад”.

Ҳамчунин зан бояд ба шавҳараш ишқ биварзад. Ин мавзӯъ низ дар ривоёт ба таъкид зикр шудааст. Дар ривояте занро аз анҷоми чанд кор ногузир донистаанд, ки яке аз онҳо, изҳори ишқ ба шавҳар аст: “Изҳори ишқ ба шавҳар ва далрабоӣ аз ӯ ва доштани зоҳири ороста (аз вазоифи зан дар хонавода аст)”.

Изҳори муҳаббат ба фарзандон низ дар эҷоди шодӣ дар хонавода бисёр муассир аст. Расули Акрам(с) мефармоянд: “Касе, ки фарзандашро бибӯсад, Худованд ҳасанае барои ӯ менависад ва касе, ки кӯдакашро шод кунад, Худованд рӯзи қиёмат ӯро шод мегардонад”.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Меҳрубонӣ ба ҳамсар
Мӯъмин шодмонии доимӣ дорад…

Матолиби пурбоздид