Ҷаҳони ҳастӣ аз нигоҳи Мавлоно

Адаб

Ҷаҳони ҳастӣ аз нигоҳи Мавлоно

Мавлоно дар посухи касе, ки ҷаҳони ҳастиро бефоида мехонад, мегӯяд:

Гар ту гӯйӣ фоидай ҳастӣ чӣ буд?

Дар суолат фоида ҳаст, эй ануд!

Дар идома, Мавлоно мегӯяд, саъй кун ҷаҳонро фақат ба чашми худ набинӣ, шояд ба назари ту ин ҷаҳон бефоида ва бад намоён шавад, вале дигарон ҳам ҳастанд, ки ҷаҳон барои онҳо зебост, нек аст, хуш аст. Шояд ба назари ту бефоида аст, аммо назару дидгоҳи ту меъёр нест.

В-ар ҷаҳон аз як ҷиҳат бефоидаст,

Аз ҷиҳатҳои дигар пуроидаст…

Ҳусни Юсуф оламеро фоида,

Гарчи бар ихвон абас буд зоида.

Яъне зебоии ҳазрати Юсуф (а) барои ҷаҳониён фоида дарбар дошт, вале барои бародарони ӯ беҳуда ва бакли ранҷовар буд. Ҳар кас ба ҷамоли он ҳазрат менигарист, шодмону пурнишот мешуд, вале бародарони ӯ аз ин ҷиҳат нороҳат буданд, чун бо вуҷуди ӯ дигар ҷилвае надоштанд.

Лаҳни довудӣ чунон маҳбуб буд,

Лек бар маҳрум бонги чӯб буд.

Ва ё навои найи ҳазрати Довуд(а), ки он гуна дилнишину руҳнавоз буд, барои инсони безавқ монанди садои беруҳи чӯб буд.

Хулоса, меъёр, нигоҳу дидгоҳу назари мо нест.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нақши ҳукуматҳо дар ҳидоят ва гумроҳии мардум
Амрико амнияти ҷаҳониро ба хатар андохтааст

Матолиби пурбоздид