Оё Шӯравӣ дубора эҳё мешавад?

Таърих

Оё Шӯравӣ дубора бармегардад?

Назари коршинос

Ҳанӯз ҳам  афроде ҳастанд, ки умед доранд, давроне мисли Шӯравиро дубора таҷриба кунанд ва дар кишвари абарқудрате мисли Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ кунанд.

Албатта касоне, ки умеди баргашти он системаро доранд, бештар ба хотири хадамоти иҷтимоии умумӣ ва имконоти таҳсилӣ, пизишкӣ ва рафоҳии он даврон мебошад.

Бо ин вуҷуд, бештари коршиносон бар ин назаранд, ки имкони баргаштани низоми Шӯравӣ вуҷуд надорад! Муҳимтарин далелашро дар он мебинанд, ки кишварҳои собиқ Шӯравӣ, пас аз таҷрибаи истиқлолият, дигар тан ба ҳукумати мутамаркизи Маскав ва ё ҳар қудрате ва кишвари дигаре нахоҳанд дод.

Ҳамин нукта низ дар баёноти Путин, чанд рӯзе пеш, пас аз маросими ба имзорасонии созишнома дар бораи пайвастани вилоятҳои Запорожйе ва Херсон ба Русия мушоҳида шуд.

Путин аз ҷумла дар ин маросим гуфтааст: “Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд надорад. Гузаштаро баргардонидан ғайри имкон аст. Русия ҳам имрӯз ба он ниёз надорад. Мо барои ин талош намекунем”.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Авомили аслии бекорӣ ва муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон кадомҳост?
Пазириши беш аз сӣ ҳазор муҳоҷири рус дар Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид