Дарёфти кӯмакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон дар тӯли сол

Дарёфти кӯмакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон дар тӯли сол

Хабарҳои иқтисодӣ

Барасоси гузоришот, Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, аз пнҷоҳу ҳафт кишвар кӯмакҳои башардӯстона дарёфт кардааст.

Бар асоси омори Хадамоти гумрукии ҷумҳурӣ, дар ин муддат ба маблағи саду даҳ миллиону сесаду ҳафтоду чаҳор ҳазору ҳафтсад доллар кӯмакҳои башардӯстона вориди кишвар шудааст. Ин кӯмакҳо, шомили орд, равғани растанӣ, доруворӣ, хӯрокворӣ ва ғайра мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки кишварҳои аслии кӯмаккунанда ба Тоҷикистон, Чин, Амрико ва Ҳиндустон мебошанд.

Гуфта мешавад, бархе аз огоҳон дар бораи азхуд намудан ва ба ғорат рафтани қисмате аз ин кӯмакҳо, аз тарафи бархе ашхос хабар додаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Боздиди намояндагони Эрон аз Донишгоҳи миллии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Кулоб
Тоҷикистон; беш аз 2000 нафар шаҳрвандони кишвар ба ДОИШ пайвастаанд

Матолиби пурбоздид