Имзои санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон

Имзои санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон

Ахбори байналмилал

Хабаргузории ИРНО гузориш додааст, Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон бо ҳадафи рушди ҳамкориҳои гардишгарӣ ва ширкатҳои мусофиратӣ беш аз 50 санад имзо карданд.

Ин тавофуқот бо ҳадафи ҳамкорӣ байни ширкатҳои мусофиратӣ ва гардишгарии Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон дар шаҳри Душанбе анҷом гирифтааст.

Санадҳои ҳамкорӣ дар бахши гардишгарӣ тавассути Тоҷиддин Ҷуразода, раиси Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Эргашшоҳ Исматов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон имзо шуд.

Намояндагони се кишвар муаррифии фарҳангӣ, миллӣ, одобу русум, таърих ва мероси фарҳангии ғании мардуми Тоҷикистонро заминасози рушди гардишгарӣ донистаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъкиди Зеленский бар таваққуфи ҷанг
Дар соли 2023 кадом кишвар пурҷамъияттарин хоҳад буд?

Матолиби пурбоздид