Кумакҳои молӣ ба давлати Афғонистон фасодро афзоиш додааст

Таҳлили хабарӣ

Кумакҳои молӣ ба Афғонистон фасодро афзоиш додааст

Ахбори минтақа

Кумакҳои молӣ ба давлати пешини Афғонистон фақат боиси фасоди масъулини ҳукуматӣ шудааст.

Комиссияи таъсиргузори кумакҳои Бритониё, дар мавриди кумакҳо ба Афғонистон ишора намуда гуфтааст, ирсоли кумакҳои байналмилаӣ, аз тариқи давлати марказии Афғонистон, барои масорифи идороти вилоятӣ ва маҳаллӣ, қудратро дар марказ тақвият намуда ва мунҷар ба ривоҷи фасод дар Афғонистон шудааст.

Бар асоси арзёбии комиссияи нозир бар кумакҳои Бритониё, кумаки 3.5 миллиард фунтии ин кишвар байни солҳои 2000 то 2020 ба Афғонистон, боиси нақзи ҳуқуқи башар ва беадолатӣ дар ин кишвар шудааст.

Ин комиссия ба 252 миллион фунт кумаки Бритониё барои таъмини молии пулиси зидди шӯриши Афғонистон ишора карда ва мегӯяд, бахше аз ин пул “фасод ва ваҳшигарии полис, аз ҷумла асиргирӣ, боздошти худсарона, шиканҷаву қатлҳои ғайриқонунӣ”-ро афзоиш додааст.

Дар ин гузориш омадааст, бар асоси арзёбии вазорати тавсиаи байналмилалӣ, ниҳодҳои давлати марказии Афғонистон алорағми солҳо кумаки молӣ ва фаннӣ умдатан қодир ба анҷоми вазоифи худ набуданд.

Инчунин таъкид шудааст, ки мутобиқ бо асноди давлати Бритониё, кумакҳо ба номи мардуми Афғонистон сурат гирифта, аммо ин кумакҳо танҳо ба нафъи гурӯҳи маҳдуде аз нухбагони сиёсии Афғонистон тамом шудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Изҳори хушҳолии мардуми Афғонистон аз пирӯзии миллипӯшони Эрон дар бозии футбол
Ҳикмати рӯз

Матолиби пурбоздид