Меъморони бахт

Адаб

Меъморони бахт

Луқмон Бойматов

Аҷаб! Боз ҳам фарзандонро бо ояндаи хубу дурахшон фиребашон медиҳем. Ин усули ҷадиде нест, балки кӯҳна аст, мисли таърих ин ҳам роҳи падарон аст, ки онро тардшуда медонем, вале боз ҳам бар ҳамин роҳ меравем. Чун ки падарони мо, моро фирефтанд ва мо ҳам фарзандонамонро мефиребем ва фарзандон фарзандонашонро. Аммо падарони мо огоҳ набуданд ва бовар доштанд. Мо ҳам бовар дорем ва мепиндорем, ки худ насли огоҳтарем.

Ҷойи таъаҷҷуб нест, ки чун ҳамаи наслҳо худро огоҳтару ҳушёртар талаққӣ мекарданд. Мо низ саъй мекунем, фарзандонамонро шабеҳи худ кунем. Вале намебинем, ки онҳо шабеҳи мо шудаанд. Онҳо низ мисли мо бо замон зиндагӣ намекунанд ва аз қазо тақдири худро намесозанд, зеро халлоқийяташонро куштаем ва меъмори бахташон шудаему ҳамвора ба онҳо лаззати ояндаро ваъда медиҳем. Мо падаронем ва суханони падаронро бо забони ҷадид баён мекунем ва ба онҳо мегӯем, ки инҳо андешаи навини мост. Аҷаб лофи газофе! Ин инсоф нест.

Фарзандонро чунон огоҳ кардаем, ки эшон хешро гум кардаанд ва ба замоне, ки аз они эшон нест, саргардонанд. Охир кай замон они мушаххас буда, ки акнун бошад?! Моро чунин карда буданду худ ҳам чунин будаем ва замонро ҳоли худ мепиндоштем. Чаро дурӯғ бояд гуфт? Ҷавонон ҳам замонро он чӣ ҳаст, фаромӯш кардаанд. Орзуҳояшон дар саҳрои умед гум шудаву ба дунболи орзуҳоянд. Гиря бояд кард, узр бояд хост, чун шишаи умеди насли созандаро шикастаем. Мо падарон, қотили бахти фарзандонем, дузди тақдири эшонем. Фикрҳои олударо андешаҳои рӯшан мепиндорем. Бо андешаҳои худ замонро ончунон тағйир додаем, ки зоҳиру ботин сиёҳ шуда ва ҳолро низ барои худ андӯҳгину ғамбор кардаем ва аз беақлӣ, ақли солиму дасти созандаро бастаем ва пиру ҷавон, чашми ботинро кӯр кардаему аз мақсад, чашм пӯшидаем.

Ифтихорамон танҳо як чиз аст: соҳиби фарзандонем. Аммо чӣ суд аз он падарон, ки вақти фарзандони хешро ба ғаму андӯҳ додаанд. Чунон амал мекунем, ки гӯё ворис надорему бо фарзандон пиромуни худшиносӣ сӯҳбат мекунем, вале худпарастем. Фармонравоийи мо бар он чизе, ки худ нест. Ба фарзандон мегӯем, ки вақт ғанимат аст, вале худ ҳолро аз дасти медиҳему боз ҳам ояндаро бовар дорем. Намехоҳем дарёбем, ки оянда ба дасти зиндаҳост. Фарзандон ҳам зиндаанду бояд бисозанд. Мо худ бо сохтаҳо чӣ кардаем, ки акнун ҳам чӣ сохтаем, ки ояндаро хуш бибинем? Чӣ коре барои фарзандон кардаем, ки ояндагон ёде аз мо бикунанд? Дидаи ақлҳо намебинад, ки оянда ҳамон идомаи акнун аст. Аммо акнун дар чӣ ҳол аст?

Эй падарони мағрур! Ҳоли падарони хеш бибинед! Саргузашти онон ибрат аст. Дар зиндагӣ худро вақфи замони хеш бояд кард. Чун замон дар ихтиёри одам нест, балки одам дар ихтиёри замон аст. Фарзандон аз мо ба дунё омадаанд ва ин замон ҳам насиби онҳост. Имрӯз халлоқийяту созандагии фарзандонро накушем, чун ҳамин замон аст, ки ёди моро ба ояндагон мебарад. Ҳар чӣ ба фарзандон медиҳем, ояндагон ба мо хоҳанд дод. Замон қозии одил асту ақли солим василаи саодати дунёст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ёддошти Алӣ Мутаҳҳарӣ дар бораи рӯйкарди ғарб баъд аз кушта шудани 7 имдодгар дар Ғазза
Мехостам дунёро тағйир бидиҳам…

Матолиби пурбоздид