Раҳмон: Дар сахттарин даврони башарият қарор дорем

Раҳмон: Дар сахттарин даврони башарият қарор дорем

Ахбори минтақа

Ба гузориши Азия-Плюс раиси ҷумҳури Тоҷикистон Раҳмон давраи мусоирро сахттарин даврони башарият донист. Ӯ дар мавриди тазодҳои манофеи абарқудратҳо ва масоили дигар, аз ҷумла гуфт: Тазоди манофеи абарқудратҳо барои тақсими муҷаддади ҷаҳон, тағироти обу ҳавоӣ ва бемориҳои вогир сахттарин давраи таърихи башарият дар зиндагии сокинони кураи Заминро рақам задааст.

Раҳмон дар нишасти Кумитаи иҷроии марказии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон таъкид намудааст: «Тазоди манофеи абарқудратҳо барои тақсими муҷаддади ҷаҳон ва дастрасӣ ба манобеи табиӣ, силоҳҳои зиддибашарӣ, оғози марҳалаи ҷадиде аз ҷанги сард, ташдиди ҷангҳои иттилоотӣ ва ҷароими кибернитикӣ ва ҳамчунин тағироти обу ҳавоӣ ва пайомадҳои он ва шуюи бемориҳои вогиру мушкилоти дигар боис шудааст, ки сахттарин давраи таърихи башарият дар зиндагии сокинони кураи Замин бошад».
Лозим ба ёдоварист, нишасти Кумитаи иҷроии марказии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҳизби ҳоким), дирӯз дар Душанбе баргузор шудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъкиди кишварҳои ғарбӣ: Ба ҳимоят аз Украина идома медиҳем!
Насоеҳи Луқмон

Матолиби пурбоздид