Бонки Осиёии Рушд тасмим ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дорад

Ахбори минтақа

Бонки Осиёии Рушд тасмим ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дорад

Ахбори минтақа

Бор – Бонки Осиёии Рушд, масъалаи таъмини молии бархе тарҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғунро дар дастури кори худ қарор додааст.

Ин матлабро мудири сарраёсати тарҳҳои стратегии БОР – Виктор Лебедев тасдиқ намуда гуфтааст: Бонк ба нақша гирифтааст, ки барои рушди маҷмӯаи обу энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ 400 миллион доллар сармоягузорӣ кунад ва дар оянда вобаста ба саботи молии лоиҳаҳо, ҳаҷми маблағгузорӣ низ афзоиш хоҳад ёфт.

Дар ин барнома, аз ҷумла лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ба таври муфассал мавриди баҳсу гуфтугӯ аст.

Лебедев таъкид намудааст, ки татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ба афзоиши содироти нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад намуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шириншоҳ Шоҳтемур – ҷоннисори миллат
Намояндаи СММ аз фоҷеаи гуруснагӣ дар Афғонистон гуфт

Матолиби пурбоздид