Оддисозии равобит бо «Исроил»

Таҳлили хабарӣ

Оддисозии равобит бо «Исроил»

Таҳлили хабарӣ

Муддатест, ки баҳси оддисозии равобит бо «Исроил» дар дастури кории бархе кишварҳои исломӣ ва арабӣ қароргирифтааст. Тибқи охирин гузоришот, то як соли дигар, тавофуқи оддисозии равобит миёни Арабистон ва «Исроил» ба имзо хоҳад расид.

Дэни Данон, намояндаи пешини режими «Исроил» дар Созмони Милали Муттаҳид тасреҳ кард, ки интизор меравад соли оянда тавофуқи оддисозии равобит миёни «Исроил» ва Арабистон имзо шавад.

Вай гуфт: «Нахуствазир Бенёмин Натонёҳу тавофуқномаи Аброҳомро яке аз авлавиятҳои худ медонад». Данон таъкид кард, Натонёҳу билофосила баъд аз ин ки бар курсии нахуствазирӣ биншинад, ба Аморот сафар хоҳад кард.

Бино ба гузориши нашрияи Times Of Israel, ҳарчанд ҳамкорӣ миёни «Исроил» ва Саудӣ солҳост, ки вуҷуд дорад, аммо ин режим дар паи он аст, ки «Исроил» аз тарафи ин кишварҳо ба сурати комил ба расмият шинохта шавад.

Лозим ба зикр аст, ки соли гузашта, Арабистони Саудӣ эълом карда буд, ки ҳарими ҳавоии ӯ ба рӯи ҳавопаймоҳои исроилӣ боз аст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истирдоди Сайид Шамс ба Тоҷикистон
Ҳикмати рӯз

Матолиби пурбоздид