Ҳикмати рӯз

Адаб

Ҳикмати рӯз

Аз васиятҳои Луқмон ба писараш:

Писарҷон! Дар сахтиҳо хештандор бош, дар номулойимот шикебо ва дар рафоҳ шукргузор.

Намозро бо хушуъ анҷом деҳ ва онро таъхир маяндоз.

Онро, ки итоати Ҳақ кунад, таҳқир накун ва маъсияткорро мӯҳтарам нашмор.

Моле, ки аз ту нест, иддао накун.

Ҳаққе, ки ба ту доранд, инкор накун.

Худро дар маърази ботил қарор мадеҳ.

Аз Ҳақ шарм кун.

Он чи намедонӣ, нагӯ.

Коре, ки наметавонӣ, бар худ таҳмил накун.

(Насоеҳ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оддисозии равобит бо «Исроил»
Ҳикмати рӯз

Матолиби пурбоздид