Axios: Омрико барои муқобила бо ҳамлаи Эрон ба Исроил зарфи чанд рӯз омода мешавад

Axios: Омрико барои муқобила бо ҳамлаи Эрон ба Исроил зарфи чанд рӯз омода мешавад

Ахбори байналмилал

Пойгоҳи хабарии Axios имрӯз (ҷумъа) дар гузорише навишт, ки давлати Бойден мутмаин шуда, ки Эрон ба интиқоми терури раиси дафтари сиёсии Ҳамос, Исмоил Ҳаниа, қасд дорад зарфи чанд рӯз ба Исроил ҳамла кунад.

Тибқи гузориши Axios, мақомоти омрикоӣ дар бораи қасди Эрон ва “ниёбатиҳояш” барои гирифтани интиқом, рӯзҳо ва ҳафтаҳои ахир нигаронанд ва вазъияти кунунӣ, Бойден ва дастёрони аршадашро ба шиддат ноумед кардааст.

Ба навиштаи Axios, баъд аз дидори ҳафтаи гузаштаи Бойден бо Натонёҳу дар Кохи Сафед, мақомҳои омрикоӣ фикр мекарданд, дар ҳоли пешрафт ба сӯйи тавофуқи оташбаси Ғазза ва озодии асирон ҳастанд.

Тибқи ин гузориш аммо “сипас Исроил Исмоил Ҳаниаро, ки намояндаи Ҳамос дар музокирот буд, бидуни машварат бо Вошингтун кушт, ки исрори Вошингтунро мабнӣ бар ин ки оташбас ҳамчунон дар дастрас аст, ба хаёле пуч табдил мекунад”.

Тибқи ин гузориш, дар тамоси телефонии ахири Бойден ва Натонёҳу, раиси ҷумҳури Омрико ба нахуствазири Исроил гуфт, ки Вошингтун ба Телавив дар муқобили ҳамлаи ҷадиди Эрон кӯмак хоҳад кард, аммо таъкид кард, ки коҳиши таниш бояд дар авлавият бошад.

Дар поёни ин гузориш гуфта шуда, ки давлати Омрико ҳамчунин ин нигарониро дорад, ки “мумкин аст басиҷи ҳамон эътилофи байналмилалӣ ва минтақаӣ аз кишварҳо, ки ба Исроил дар дафъаи ҳамлаи қаблии Эрон дар апрел кӯмак карданд, душвортар бошад”.

Гуфтанист, ҳамлаи Эрон ба Исроил таҳти унвони амалиёти “Ваъдаи содиқ” дар посух ба ҳамлаи Исроил ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ анҷом шуд, ки маҷмӯае аз кишварҳо ба раҳбарии Омрико, ба Телавив барои муқобила бо ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯмак карданд.

Axios

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яҳудиёни Эрон хостори посухи қотеона ба терури Ҳаниа шуданд
Хатиби Масҷидулақсо боздошт шуд

Матолиби пурбоздид