Тавқифи дуввумин киштии исроилӣ дар соҳилҳои Яман

Тавқифи дуввумин киштии исроилӣ дар соҳилҳои Яман
Ахбори байналмилал
Манобеи хабарӣ соате пеш (асри якшанбе, 26 ноябр) аз тавқифи як нафткаши марбут ба режими саҳюнистӣ дар баҳри Сурх аз сӯйи Ансоруллоҳи Яман хабар доданд.
Манобеи исроилӣ ҳамчунин гузориш доданд, ки ин нафткаш мутааллиқ ба як бозаргони исроилӣ аст ва “Central Park” ном дорад.
Reuters ба нақл аз як мақоми дифоии Омрико эълом кард, ки иттилооте дар бораи сайтараи афроди мусаллаҳ бар як киштӣ дар халиҷи Адан вуҷуд дорад.
Ҳафтаи гузашта низ нерӯҳои яманӣ дар вокуниш ба ҷиноёти артиши режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза, як фарванд киштии исроилиро тавқиф ва онро ба соҳилҳои Яман мунтақил карда буданд.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эъломи шаҳодати 4 фармондеҳи Гурдонҳои Қассом 
Муҳаммад Алъисӣ: Ҷанг алайҳи Ғазза, лаккаи нанге бар пешонии башарият

Матолиби пурбоздид