Bloomberg: “Бен Салмон масъули расвоии Арабистон дар Яман аст”

Bloomberg: “Бен Салмон масъули расвоии Арабистон дар Яман аст”
Хабаргузории Bloomberg бо интишори мақолае таҳти унвони “Муҳаммад бен Салмон масъули расвоии Арабистон дар Яман аст” навишт, аввалин ҳамла дар сиёсати хориҷии валиаҳди саудӣ бо шикасти муфтазаҳона ба поён расид.
Bloomberg дар ин мақола навиштааст:
“Нахустин иқдом дар сиёсати хориҷии Арабистон ба шикасте хатм шуд, ки 8 сол ба тӯл анҷомид, ҷони беш аз 200 ҳазор танро гирифт ва мӯҷиби нобудии даҳҳо миллиард доллар шуд, аммо Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ умедвор аст, ки касе мутаваҷҷеҳ нашавад, ки нахустин таҳоҷуми ӯ дар сиёсати хориҷӣ комилан шикаст хӯрдааст.
Дар ҳоле, ки Бен Салмон ба дунболи сулҳ бо давлати Санъост, валиаҳд тарҷеҳ медиҳад, ки мо ба ҷойгоҳи рӯ ба рушди ӯ ба унвони як бозигар дар умури байналмилалӣ таваҷҷуҳ кунем.
Дар ривояти саудии ин достон, шоҳзода танҳо аз як даргирии содда хориҷ мешавад ва ин ки ӯ беҳтарин гузина барои муқобила бо геополотикаи қудратҳои бузург аст.
Сарфи назар аз шевае, ки давлати саудӣ дар бораи ҳуши сиёсии Муҳаммад бен Салмон дар оштӣ бо гурӯҳи Ансоруллоҳи Яман тарвиҷ мекунад, ҳақиқат ин аст, ки ӯ мавриди зиллат ва ҳақорати шадиде қарор гирифтааст.
Ҷо Байден, раисиҷумҳури Омрико он тавр, ки ваъда дода буд, Муҳаммад бен Салмонро матруд накард, аммо ҳақорати кунунии валиаҳд дар Яман намунаи хубе аст, ба хусус ин ки онро бо дастони худ сохтааст.
Аз замони ба қудрат расидани Муҳаммад бен Салмон ӯ борҳо худро ба унвони як раҳбари бехирад, шарики ғайри қобили эътимод ва фарде бо рафтори бепарво нишон додааст.
Достоне, ки аз Риёз мунташир мешавад, бо ин тасаввур созгор аст, ки Бен Салмон сирфан (ва оқилона) ба тағйири аҳдофи сиёсати хориҷии Омрико вокуниш нишон медиҳад. Арабистони Саудӣ дигар наметавонад ба пӯшиши амниятии Омрико такя кунад ва бояд тартиботи ҷойгузине монанди дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон ва хуруҷ аз даргирӣ дар Яманро анҷом диҳад, зеро теъдоде аз руасои ҷумҳур маъмурияти худро ҳазфи Иёлоти Муттаҳида аз Ховари Миёна карданд. Шоҳзода, монанди ҳар раисҷумҳуре, масъули аз байн рафтани равобите аст, ки Риёз ва Вошингтунро дар беҳтарин бахш аз 8 даҳаи гузашта маҳдуд кардааст.
Муҳаммад Бен Салмон мудохила дар ҷанги Яманро замоне интихоб кард, ки танҳо 30 сол дошт ва ҳадафи вай мумониъат аз истиқрори давлати Санъо дар он сӯйи марзҳои ҷанубӣ буд. Ӯ худро масъули иттиҳоди арабии муташаккил аз Баҳрайн, Миср ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ қарор дод. Амалиёти низомии Эътилоф номҳои таъсиргузоре монанди “Тӯфони қотеъ” ва “Бозёбии умед” дода шуд ва валиаҳд мутмаин буд, ки метавонанд дар арзи чанд моҳ ба аҳдофи худ бо теъдоди бисёр каме аз нерӯҳои рӯйи замин даст ёбанд.
Бо ин ҳол, нерӯи ҳавоии Арабистон таҳти ҳимояти Омрико дар боздорандагии яманиҳо бетаъсир буд. Ва бо идомаи ҷанг, ҷони ҳазорон ғайринизомӣ аз даст рафт ва миллионҳо нафар бехонумон шуданд. Ба таври хулоса, Яман, яке аз фақиртарин кишварҳои минтақа, вайрон шудааст ва ҳеч як аз аҳдофи иддаоии Бен Салмон муҳаққақ нашуд.
Пас аз ҳамалот ба таъсисоти тавлиди нафти Арабистон дар пойизи 2019, ки тақрибан 5 дарсад аз арзаи нафти ҷаҳонро хароб кард ва қиматҳоро афзоиш дод, Бен Салмон моил ба таслим шудан буд. Яманиҳо дасти болоро доштанд ва қасди ақибнишинӣ надоштанд. Онҳо танҳо ба оташбасе ризоят доданд, ки соли гузашта бо миёнҷигарии Созмон Милали Муттаҳид анҷом шуд.
Ба назар мерасад, ҳадафи Бен Салмон барои бозгардондани Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ ба унвони раисиҷумҳур, як кори маҳол аст. Эҷоди минтақаи ҳоил байни ду кишвар дар садри феҳристи дархостҳои Арабистон қарор дорад, ҳарчанд ки бо таваҷҷӯҳ ба зарродхонаи мушакҳо ва паҳподҳои Яман, ки дар ҳоли густариш аст, ин дархости низ бемиқдор аст.
Муҳим нест чӣ гуна онро дар Риёз тафсир кунанд, ин як таҳқир барои Бен Салмон аст. Ва шоҳзода фақат худаш муқассир аст”.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рӯзи Қудс чӣ рӯзест?
Чашмаи меҳр

Матолиби пурбоздид