Cуханони муфаттиши ШОБОК дар бораи Синвор
Cуханони муфаттиши ШОБОК дар бораи Синвор, ки 180 соатро ҳамроҳи ӯ гузарондааст
Як афсар ва муфаттиши собиқи ШОБОК (Созмон иттилоот ва амнияти дохилии режими саҳюнистӣ) дар бораи Яҳё Синвор, раиси Ҳамос дар Ғазза ва 180 соат бозҷӯӣ аз вай сухан гуфтааст.
Ба гузориши CNN, Майкл Коби, афсари собиқи ШОБОК (Созмони иттилоот ва амнияти дохилии режими саҳюнистӣ), бо ишора ба собиқаи бозҷӯии 180 соатаи худ аз Яҳё Синвор, раиси Ҳамос дар Ғазза дар замоне, ки вай асири режими саҳюнистӣ буд, гуфт, ки Яҳё Синворро “беҳтар аз модараш“ мешиносад.
Коби дар гуфтугӯ бо CNN гуфт: “Дар ин бозҷӯӣ аз Синвор, ки дар он замон 28–29-сола буд, пурсидам чаро издивоҷ накардаӣ? Чаро намехоҳӣ хонавода дошта бошӣ? Ва ӯ дар ҷавоб гуфта буд, Ҳамос ҳамсар ва фарзанд ва хонавода ва ҳамаи чиз ман аст.”
Бино бар ин гузориш, Синвор нақши қобили таваҷҷӯҳе дар эҷоди созукорҳои зидди ҷосусӣ барои ҷунбиши Ҳамос доштааст. Вай аз ҷумлаи афроде аст, ки ҳамонанди Муҳаммад Зайф (фармондеҳи шохаи низомии Ҳамос) таъкид дорад, бояд доманаи ҷанг ва набард бо душмани саҳюнистӣ ба умқи сарзаминҳои ишғолӣ кашида шавад.