Financial Times: “Исроил дар ҳоли барномарезӣ барои ҷанги тӯлонимуддат”

Financial Times: “Исроил дар ҳоли барномарезӣ барои ҷанги тӯлонимуддат”
Financial Times: “Исроил дар ҳоли барномарезӣ барои ҷанге тӯлонимуддат дар Ғазза ва терури 3 тан аз барҷастатарин раҳбарони Ҳамос аст”
Рӯзномаи бритониёии Financial Times ба нақл аз мақомоти исроилӣ навишт: “Исроил дар ҳоли барномарезӣ барои як ҷанги тӯлонимуддат дар навори Ғазза аст, ки як сол ё бештар идома хоҳад дошт ва тайи он талош хоҳад шуд, то се раҳбари барҷастаи Ҳамос терур шаванд.”
Financial Times афзуд: “Барномаи чандмарҳилаие, ки Исроил тадвин карда, дарбардорандаи иқдоми нерӯҳои исроилӣ дар нуфузи қарибулвуқӯъ ба умқи ҷануби Ғазза аст.
Ба навиштаи ин рӯзнома, “аз ҷумлаи аҳдофи Исроил, терури се раҳбари аршади Ҳамос ба номҳои Яҳё Синвор, Муҳаммад Зайф ва Марвон Исо ва дар айни ҳол дастёбӣ ба як пирӯзии низомии қотеъона алайҳи 24 ягон, гурдонҳои Қассом ва инҳидоми шабакаи тунелҳои зерзаминӣ ва нобуд кардани тавоноии ҷунбиши Ҳамос барои ҳукмронӣ бар Ғазза аст.”
Financial Times ба нақл аз яке аз афроди огоҳ аз барномаҳои ҷангӣ навишт: “Ин ҷанг бисёр тӯлонӣ хоҳад буд. Мо дар ҳоли ҳозир ҳатто ба нимаи роҳ барои дастёбӣ ба аҳдофи худ нарасидаем.”
Бар асоси бароварди афроди мутталеъ бо ин тарҳҳо, “амалиёти заминии густурда эҳтимолан ба чанд моҳи дигар ниёз хоҳад дошт ва пас аз он, марҳилаи интиқол ва тасбит бо шиддати низомӣ камтар идома меёбад, ки метавонад то охирҳои соли 2024 идома ёбад.”
Ин афрод тасреҳ карданд: “Ҷанги кунунӣ, бар хилофи амалиёт ва ҷангҳои қаблӣ, нуқтаи поёни собите нахоҳад дошт ва амалиёт ба ин зудӣ тамом нахоҳад шуд.”
Як афсари аршади артиши Исроил дар гуфтугӯ бо ин рӯзнома муддаӣ шуд: “Ҳадди ақал 10 ягон аз 24 ягони вобаста ба гурдонҳои Қассом ба шиддат осеб дидаанд ва беш аз 50 фармондеҳи сатҳи мутавассит ва ҳудуди 5000 унсури Ҳамос шаҳид шудаанд.”
Як манбаъи огоҳи дигар аз тарҳҳои ҷангӣ, бо баёни ин ки артиши Исроил ҳамчунон амалиёт дар шимоли Ғаззаро ноқис медонад, гуфт: “Шаҳри Ғазза ҳанӯз тамом нашуда ва ба таври комил ишғол нашуда , мумкин аст 40 дар сади аҳдофи амалиёт дар шимоли Ғазза таҳаққуқ ёфта бошад, аз ин рӯ эҳтимолан ду ҳафта то як моҳи дигар тӯл хоҳад кашид.”
Дар ҳоле, ки раҳбарони ишғолгар таҳдид ба амалиёти заминӣ дар ҷануби навори Ғазза мушобеҳи шимол мекунанд, мақомоти исроилӣ муддаӣ шуданд, ки аксари раҳбарони Ҳамос, бахши умдаи размандагон ва зарродхонаи мушакии он ва аксарияти асирони боқимондаи исроилӣ акнун дар ҷануб ҳастанд.
Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, ки бо ин рӯзнома сӯҳбат карданд, “ҳамла ба ҷануб бар Рафаҳ дар охири ҷануби навори Ғазза дар марзи Миср ва бар ХонЮнус мутамаркиз хоҳад шуд, ки дуввумин шаҳри муҳимми навори Ғазза ва зодгоҳи Синвор ва Зайф аст.”
Яке аз ин манобеъ гуфт: “Гузаргоҳи марзии Ғазза ва Миср ва тунелҳои қочоқи зерзаминӣ, коноли аслӣ барои бозсозии қобилиятҳои низомии Ҳамос ба шумор меравад ва бояд тамоми марзи Ғазза бо Миср ба диққат муроқибат шавад.”
Артиши режими саҳюнистӣ субҳи имрӯз (1 декабр) пас аз поёни мавъиди оташбаси муваққат дар Ғазза таҷовузҳои худ алайҳи мардуми Фаластинро аз сар гирифта ва то кунун теъдоди шуҳадои ҳамалоти имрӯз ба 109 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба садҳо нафар расидааст.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истифодаи Исроил аз бомби фосфорӣ
Хушу беши амири Қатар бо раиси ҷумҳури “Исроил” хашми мусалмонони ҷаҳонро барангехт

Матолиби пурбоздид