Haaretz: “Исроил бохт; ба шикаст бояд эътироф кунад”

Таҳлили хабарӣ
Haaretz: “Исроил бохт; ба шикаст бояд эътироф кунад”
Таҳлиле дар Haaretz: “Исроил бохт; ба шикаст бояд эътироф кунад”
Як таҳлилгари саҳюнист эътироф кард: “Исроил ҷанг бо Ғаззаро муддатҳост, ки бохта ва ҳар рӯз, ки ҷанги заминӣ идома меёбад, ин шикаст амиқтар ҳам мешавад.”
Ҳилел Шокен, дар таҳлиле, ки дар рӯзномаи исроилии Haaretz мунташир шуд, навишт: “Мо пирӯз нахоҳем шуд, мо ҳақиқатан ҷанги феълӣ дар Ғаззаро бохтаем, ҳар рӯзи изофӣ дар ин ҷанги заминӣ, шикасти моро амиқтар мекунад ва замоне, ки ин ҷанги ҳавлнок ба поён бирасад, ки пешбинӣ мешавад бо таваҷҷӯҳ ба фишорҳои байналмилалӣ тайи чанд ҳафтаи кӯтоҳи оянда тӯмори он печида шавад, Исроил худро дар шароити бадтаре дар муқоиса бо замоне, ки вориди ҷанг шуд, хоҳад ёфт.”
Ин таҳлилгар дар идома навишт: “Рӯзи 16 октябр, Шӯрои ҷанги Исроил аҳдофи ҷангро эълом кард: сарнагунии ҳукумати Ҳамос, аз байн бурдани тавони низомии ин гурӯҳ, аз байн бурдани таҳдидҳои эҷодшуда аз навори Ғазза алайҳи Исроил, талош барои ҳалли масъалаи гаравгонҳо ва ҳимоят аз марзҳо ва шаҳрвандон… Аммо дар поёни ин ҷанг мо ба ҳеч як аз ин аҳдоф нахоҳем расид.”
Бар асоси ин таҳлил, ки дар сафҳаи аввали Haaretz ҳам мунташир шуда, омадааст: “Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки рафтори мо дар Ғазза маҳбубияти Ҳамосро байни фаластиниён афзоиш медиҳад, ин маҳбубият на танҳо дар Ғазза, балки дар каронаи Бохтарӣ ҳам афзоиш ёфтааст, ҳар касе ҳам, ки Ҳамосро дар Ғазза қабул надошта маҷбур хоҳад шуд онро дар чорчӯби сохтори Ташкилоти худгардон бипазирад.”
Дар идома мехонем: “Он чи ки барои бисёр аён шуд он аст, ки нуқтаи авҷи талошҳо барои озодсозии гаравгонҳо ба шакли ҷузъӣ таҳаққуқ ёфта ва камтар аз ниме аз онҳо озод шуданд, аммо ҷони бақияи ононе, ки дар асорат боқӣ мондаанд, дар маърази хатар қарор гирифтааст, агар ба тавофуқи дигаре барои озодии онҳо даст пайдо накунем, ин хатар ҷиддитар ҳам мешавад.”
Таҳлил меафзояд: “Ин кор дар ҳоли ҳозир фақат аз тариқи тавофуқи мубодалаи асирон имконпазир аст, аммо илова бар шарти озодии тамоми асирони фаластинии мавҷуд дар ихтиёри мо аз ҷумла онҳое, ки ҳукмҳои болое доранд, (муттаҳам ба қатли исроилиҳо ҳастанд), маҷбур ҳастем, ки аз навори Ғазза ҳам ақибнишинӣ карда ва ба ҷанг ҳам поён диҳем.”
Нависанда дар поёни ин таҳлил ҳам навишт: “Раҳбарони Ҳамос аҳмақ нестанд, ба таври ҳатм онҳо аз миёнҷиҳои анҷоми ин тавофуқ тазминҳое ҳам хоҳанд хост, ки Исроил дар оянда таҳоҷуми муҷаддадеро анҷом надиҳад.”
Haaretz
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳак шудани 49 ширкати исроилӣ аз сӯйи “Тӯфони сойберӣ”-и Эрон
Middle East Eye: “Натонёҳу мехост Ҳамосро нобуд кунад, аммо мумкин аст Исроил фурӯ бипошад”

Матолиби пурбоздид