Haaretz: “Эрон эмайли мақомоти исроилиро ҳак кардааст”

Haaretz: “Эрон эмайли мақомоти исроилиро ҳак кардааст”

Ахбори байналмилал

Рӯзномаи исроилии Haaretz навишт, ки як гурӯҳи ҳакерии эронӣ бо нуфуз ба эмайли чанд тан аз мақомоти феълӣ ва собиқи режими саҳюнистӣ, иттилооти ин афродро ҳак кардааст.

Ин рӯзнома имрӯз навишт, ки як гурӯҳи ҳакерии эронӣ бо ҳаки эмайлҳои чаҳор нафар аз мақомоти аршади дифоӣ ва сиёсии кунунӣ ва пешини Исроил, ба иттилоот ва аксҳои ҳисобҳои корбарии онҳо дастрасӣ пайдо кардааст.

Haaretz навишт, ки бархе аз ин эмайлҳо дарбардорандаи иттилоот ва ҷузъиёти ҳассос аз ҷумла ҷузъиёт дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба Эрон будааст.

Бино бар гузориши ин рӯзнома, гурӯҳи ҳакерии эронӣ, ки номи он фош нашудааст, иттилооти дарзшударо дар коноли Телеграми худ қарор дода ва ҳамчунин нисбат ба ифшои иттилооти шахсӣ аз Йоир Гулон, раиси Ҳизби демукрот ва муовини собиқи раиси ситоди артиши Исроил ва Камол Панҳосӣ, сухангӯи форсизабони артиши ин режим ба Исроил ҳушдор додааст.

Расонаҳои исроилӣ навиштанд, режими саҳюнистӣ аз замони шурӯи ҷанги Ғазза, омоҷи ҳамалоти сойберӣ (кибернетикӣ) қарор гирифтааст ва ҳаҷми қобили таваҷҷӯҳе аз иттилооти ин режим ба воситаи амалиётҳои ҳакерӣ ба берун дарз кардааст.

Ба навиштаи Haaretz, Вазорати дифоъ ва Маркази таҳқиқоти ҳастаии Исроил аз ҷумлаи муҳимтарин бахшҳое будаанд, ки мавриди ҳамалоти сойберӣ қарор гирифтаанд.

Haaretz

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Боздошти ҳафт нафар ҷосуси эронӣ дар Исроил
Таътилии ғурфаи Исроил дар Жопон

Матолиби пурбоздид