Тромп: “Эрон метавонад зарфи 34 рӯз бомби атомӣ бисозад”

Тромп: “Эрон метавонад зарфи 34 рӯз бомби атомӣ бисозад”
Ахбори байналмилал
Exxpress
Раисиҷумҳури собиқи Омрико гуфт, ки Эрон метавонад зарфи 34 рӯз ба бомби атомӣ даст пайдо кунад.
Ба гузориши Exxpress, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури собиқ ва номзади риёсати ҷумҳурии 2024-и Омрико, дар ҷараёни суханронӣ дар ҷамъи ҳомиёнаш дар Айова, гуфт, Теҳрон қодир аст, то зарфи 34 рӯз бомби атомӣ бисозад.
Тромп бо ишора ба он чи “сиёсати хориҷии шикастхӯрда”-и давлати Ҷо Бойден, раисиҷумҳури кунунӣ Омрико дар қиболи Эрон хонд, муддаӣ шуд, ки ин масъала ба чунин иттифоқе мунҷар шудааст.
Раисиҷумҳури собиқи Омрико ҳамчунин бо интиқод аз сиёсатҳои Бойден дар қиболи ҷанги Укройн, муддаӣ шуд, ки метавонад зарфи 24 соат ба ҷанги Укройн поён диҳад. Ба гуфтаи Тромп, нокоромадии сиёсати Бойден дақиқан далели идомаи ҷанг дар Укройн ва Ховари Миёна, равобити рӯ ба вахомати Чин бо Омрико бар сари масъалаи Тойвон аст.
Вай дар бахше аз суханрониаш муддаӣ шуд: “Илова бар ин, Эрон чанд қадам то сохти бомби атомӣ фосила дорад. Онҳо зарфи 34 рӯз бомби атомии худашонро месозанд.”
Exxpress
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маҳкум кардани ҷинояти саҳюнистҳо дар дар Ғазза аз сӯйи Рустами Эмомалӣ
Терури фармондеҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон

Матолиби пурбоздид