National Interest: Далели маҳбубияти Абӯубайда
Таҳлил
Nationalinterest
Як пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии омрикоӣ, ба баррасии далоили ҷаззобияти Абӯубайда, сухангӯи низомии гурдонҳои Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос пардохт ва навишт: “Абӯубайда сухангӯи низомии гурдонҳои Қассом аст, ки ба таври мураттаб бо юниформи низомии сабзранг ва чафияи қирмиз дар сафҳаи телевизиони кулли минтақаи Ховари Миёна зоҳир мешавад. Абӯубайда аз 7 октябр то имрӯз хабарҳои тоза аз иқдомоти ҷангии Ҳамос ва охирин таҳаввулоти сиёсии марбутаро ироа мекунад. Ӯ дар суханрониҳои кӯтоҳи худ, бо лаҳне муборизаталабона аз дастовардҳои токтикӣ ва хасороти сангини Исроил сухан гуфта ва ваъдаи пирӯзии наздикеро медиҳад.”
Нависандаи пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии National Interest дар идома навишт: “Бар асоси гузоришҳои расонаҳо, аввалин ҳузури алании фарде ба унвони сухангӯи низоми Қассомро метавон ба даргирӣ миёни Ғазза ва Исроил дар соли 2006 баргардонд. Артиши Исроил октябри 2023 эълом кард, ки номи воқеии ӯ Ҳузайфа Каҳлут аст. Ба гузориши расонаҳои Исроил, зодгоҳи ӯ рустои Нолиё дар Ғазза аст, аммо на Ҳамос ва на Қассом вокунише ба ин мавзӯъ нишон надоданд.”
Дар идомаи ин гузориш омадааст: “Абӯубайда аз 7 октябр маҳбубияти бисёреро дар саросари ҷаҳон араб ва кишварҳои исломӣ ба даст овард. Дар шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои арабӣ тасовире аз мардум аз ҷумла кӯдаконе, ки дар интизори суханронии Абӯубайда ба сафҳаи телевизион хира шуданд, мунташир шуд. Дар бисёре аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ҳамонанди Лубнон, Туркия ва Ӯрдун плакатҳои бузурге аз акси ӯ дида шуданд, ҳамчунин плакатҳое дар заминҳои футбол дар Тунис ва Либӣ мушоҳида шуданд.”
Рэни Баллаут, нависандаи ин гузориш ҳамчунин навишт: “Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки ҳунармандон, бозигарон ва ҳатто чеҳраҳои академики кишварҳои арабӣ ва исломӣ, алоқаи худ ба Абӯубайда ба унвони намоди муқовамати Фаластин ва ҳимояташон аз ӯро иброз карданд. Яке аз бозигарони зани сурияӣ изҳор кард, ки тарҷеҳ медиҳад субҳҳо садои суханронии Абӯубайдаро бишнавад. Ҳамчунин Муҳаммад Рамазон, бозигари мисрӣ гуфт, ки дар посух ба дархости расонаҳои исроилӣ барои таҳрими корҳои ҳунариаш, дар оянда дар сериале нақши Абӯубайдаро бозӣ хоҳад кард.”
Дар идомаи ин гузориш омадааст: “Дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) низ видеое аз як баргаи имтиҳонӣ бо суолҳое дар бораи Абӯубайда ва дастовардҳои Ҳамос дар ҷанги Ғазза ба шакли густурдае ба иштирок гузошта шуд. Муҳимтар аз инҳо, гузоришҳои расонаҳои хабарӣ аз маҳбубияти Абӯубайда аст, ки шомили кӯдакон дар Алҷазоир ва урдугоҳҳои фаластиниҳо дар Лубнон мешавад, ки ӯро улгуи худ қарор доданд ва дар ҳоле, ки либосҳои низомӣ ва чафия пӯшиданд, ҳаракоти ӯро тақлид мекунанд.”
National Interest навишт: “Аз соатҳои аввалии амалиёти 7 октябр, изҳороти Абӯубайда бо интишори тасовири бисёр ҳирфаӣ дар паёмрасони Телеграмм ҳамроҳ буд, ки дар онҳо нерӯҳои Ҳамос дар ҳоли ҷангидан бо сарбозони Исроил дар Ғазза дида мешаванд. Видеоҳои Абӯубайда аввалин бор дар шабакаи моҳвораии Алақсо вобаста ба Ҳамос, ки дафтари он дар Ғазза қарор дорад ва бисёре аз каналҳои телеграммии марбут ба Ҳамос мунташир шуд.”
Ба навиштаи Рэни Баллаут: “Ин каналҳои телеграммӣ, нақши муҳимме дар инъикос ва пахши ривояти Ҳамос ифо карданд ва бо вуҷуди эъмоли маҳдудиятҳое бар дастрасии шабакаи Алақсо ва бархе каналҳои телеграммии муртабит бо Ҳамос, аммо таҳқиқот ҳокӣ аз нақши муҳимме аст, ки ин расонаҳо дар интишори ривояти Ҳамос аз ҷанг ифо мекунанд ва ин амр ба афзоиши таъомули мардумӣ кӯмак мекунад ва аҷиб нест, ки шабакаи моҳвораии Алҷазира пешгоми расонаҳои арабии аслӣ дар таблиғи кампини Абӯубайда аст. Ин шабака суханрониҳои забтшудаи Абӯубайдаро ҳамзамон бо пахшашон аз шабакаи Алақсо, забт карда ва матни суханрониҳои ӯро ба шакли комил мунташир мекунад ва илова бар пахши зинда, маҷмӯае аз видеоҳои забтшудаи Абӯубайдаро бо унвонҳои ҳаяҷонангез дар ростои тақдир аз ӯ ба унвони қаҳрамони муқовамат мунташир мекунад.”
Идома медиҳад: “Ҳамчунин дигар шабакаҳои хабарии арабӣ ҳамонанд Алъарабӣ, ки дафтари он дар Қатар қарор дорад ва Алмаёдин, ки дар Лубнон аст, суханрониҳои Абӯубайда ва ривояти Ҳамос аз ҷангро мунъакис мекунанд, онҳо ҳамчунин ба сурати мураттаб суханрониҳои Абӯубайдаро ҳамроҳ бо мақолоти матбуотии мусбате мунташир мекунанд, рӯзноманигорони шабакаи Алъарабӣ видеоҳои таблиғотии мутаъаддиде аз Абӯубайдаро тавлид карда ва ӯро намоди муқовамат тавсиф мекунанд.”
Ин расонаи омрикоӣ менависад: “Дар кулл, ривояти Ҳамос аз ҷанг дар бисёре аз расонаҳои хабарии арабӣ ҷойгоҳи худро пайдо карда ва паёмҳои Ҳамос барои дастрасии роҳати бисёре аз мардуми минтақа мунъакис мешаванд ва дар натиҷа чунин расонаҳои хабарӣ метавонанд бар афкори умумии ҷаҳони араб ва ислом таъсири бисёре бигузоранд.”
Пойгоҳ хабарӣ-таҳлилии National Interest дар поёни гузориши худ низ овардааст: “Ба назар мерасад, расонаҳо ва бештари мардуми кишварҳои арабӣ ва исломӣ сарфи назар аз шароити стратегии ин ҷанг ва вайронии густурда дар Ғазза, ривояти Ҳамос аз ҷангро таъйид мекунанд, ки тибқи он теъдоди зиёде аз нерӯҳои артиши Исроилро ба ҳалокат расонда, садҳо дастгоҳ тонк ва силоҳҳои онҳоро мунҳадим карда ва дар натиҷа басиҷи нерӯҳои захираи артиши Исроил барои ин ҷанг, бо мушкилоти иқтисодии рӯбарӯ буда ва дучори ихтилоф назари сиёсӣ аст, ки ҷомеаи онро 2 даста кардааст.”
Nationalinterest
Қаламонлайн