New York Times: Омрико аз токтикҳои ҷангии Яман тақлид мекунад
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи омрикоии New York Times навишт, Иёлоти Муттаҳида саъй дорад бархе аз токтикҳои ҷангии артиши Яманро тақлид карда ва аз онҳо дар набардҳои худ истифода кунад.
Ансоруллоҳи Яман ба муддат чандин сол он қадр рӯзгорро ба коми Омрико ва муттаҳидонаш дар минтақа танг кардааст, ки Пентогун ҳоло дар ҳоли тақлид аз токтикҳои низомии онҳост.
Рӯзномаи New York Times дар гузорише дар ин бора навиштааст: “Аз он ҷо, ки Ҳусиҳо (Ансоруллоҳи Яман) тавонистанд аз сомонаҳои родории ғайринизомӣ – ки дар фурӯшгоҳҳои қоиқронӣ ёфт мешавад – истифодаи низомӣ карда ва ҳамлу нақли онҳоро осон кунанд, як фармондеҳи аршади омрикоӣ аз нерӯҳои таҳти амри худ хост, то иқдоми мушобеҳе анҷом диҳанд. Аз сентябри 2022, нерӯҳои дарёии Омрико дар баҳри Болтик аз сомонаҳои родории мушобеҳи Яман истифода мекунанд, ки ҳамли онҳо осонтар аст.”
Ба эътирофи ин рӯзномаи омрикоӣ, аз оғози ҳамалоти Яман ба киштиҳои муртабит бо Исроил дар баҳри Сурх, Пентогун медонист, ки маҳори Ансоруллоҳ душвор хоҳад буд.
Дар ин гузориш омадааст: “Мақомоти омрикоӣ мегӯянд, ки ин кор душвор аст, зеро Ҳусиҳо (нерӯҳои Ансоруллоҳ) тавонистаанд токтикҳои ҷангии ғайримутаъорафро ба ҳадди камол бирасонанд. Онҳо анбори бузурги таслиҳотӣ дар ихтиёр надоранд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии омрикоӣ онро ҳадаф бигиранд. Онҳо доим дар ҳоли ҳаракат ҳастанд ва мушакҳои худро бо худрав дар савоҳили дур ҳамл мекунанд.”
Гуфтанист, дар пайи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза, Ансоруллоҳи Яман эълом кард, тамоми киштиҳоеро, ки ба наҳве ба режими саҳюнистӣ муртабит ҳастанд, дар баҳри Сурх ҳадаф қарор хоҳад дод ва ин кор то таваққуфи ҷиноёти режими ишғолгар алайҳи фаластиниён дар Ғазза идома дорад.
Ғарб бо раҳбарии Омрико эътилофи низомӣ ташкил дод, ки ҳадафи он муқобила бо ҳамалоти Яман ба киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ аст. Пештар Омрико ва Ангилис дар вокуниш ба ин иқдоми Санъо, чандин мавзеъи артиши Яманро ҳадаф қарор доданд.
Қаламонлайн