Reuters ба нақл аз Axios: Трамп дархости валиаҳди Арабистони Саудӣ барои ҳамлаи Омрико ба Ҳусиҳоро рад кард
Вхбори байналмилал
Хабаргузории Reuters ба нақл аз Axios навишт:
“Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, рӯзи панҷшанбе ду бор бо Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико тамос гирифт ва аз ӯ хост, то ҳамалотеро алайҳи Ҳусиҳо оғоз кунад.
Тромп ин дархостро рад кард ва мақомоти омрикоӣ изҳор доштанд, ки давлат дар ҳоли ҳозир қасди анҷоми иқдоми низомии мустақим алайҳи Ҳусиҳоро надорад.
Ба гузориши Axios, Иёлоти Муттаҳида нисбат ба ташдиди сареи даргириҳо дар Яман ба шиддат нигарон аст ва зимни талош барои парҳез аз дахолати низомии мустақим, ҳимояти худро аз Арабистони Саудӣ афзоиш медиҳад.
Қаламонлайн













