Reuters: Ҷулонӣ зиндонҳоро набаст, балки пур кард
Байналмилал
Идомаи боздоштҳои ғайриқонунӣ дар Сурия пас аз суқути низоми Башшор Асад
Димишқ
Хабаргузории байналмилалии Reuters дар гузорише менависад, ки бо вуҷуди суқути низоми Башшор Асад дар Сурия ва ба қудрат расидани гурӯҳҳои шӯришии мусаллаҳ, ки бо шиори бастани зиндонҳо ва поён додан ба саркӯб ба саҳна омада буданд, боздоштҳои ғайриқонунӣ дар кишвар ҳамчунон идома доранд.
Бар асоси ин гузориш, ба ҷойи баста шудани муассисаҳои боздошт, зиндонҳои Сурия тадриҷан бо зиндониёни амниятӣ пур мешаванд. Манобеи маҳаллӣ ва шоҳидони айнӣ ба Reuters гуфтаанд, ки нерӯҳои амниятии вобаста ба ҳукумати нав афродеро, ки ба мухолифат ё таҳдид ба амнияти умумӣ муттаҳам мешаванд, бидуни раванди шаффофи қонунӣ боздошт мекунанд.
Reuters таъкид мекунад, ки бисёре аз боздоштшудагон аз ҳуқуқи дастрасӣ ба вакил, муҳокимаи одилона ва иттилоъ ба хонаводаҳояшон маҳруманд. Ин вазъ нигарониҳои ҷиддии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башарро дар бораи такрори таҷрибаҳои саркӯбгаронаи гузашта ба миён овардааст.
Дар гузориш омадааст, ки гурӯҳҳои шӯришӣ пас аз ба даст гирифтани қудрат ваъда дода буданд, ки низоми боздошт ва зиндонҳоро ислоҳ мекунанд ва ба боздоштҳои худсарона поён медиҳанд, аммо воқеиятҳои майдонӣ нишон медиҳанд, ки амалан равиши амниятӣ ҳифз шудааст.
То лаҳзаи интишори ин гузориш, мақомоти ҳукумати нави Сурия дар бораи ин иддаоҳо изҳори назар накардаанд. Бо ин ҳол, коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки идомаи боздоштҳои ғайриқонунӣ метавонад эътимоди мардумро коҳиш дода, ояндаи суботи сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро зери суол барад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













