Reuters: Як низомии омрикоӣ худро назди сафорати Исроил ба оташ кашид
Ахбори байналмилал
Reuters
Як низомии омрикоӣ дар эътироз ба ҷанги Ғазза, баъд аз зуҳри якшанбе (25 феврал) дар назди сафорати Исроил дар Вошингтун худро ба оташ кашид.
Ба гузориши хабаргузории Reuters, ин мард пас аз маҳори оташ тавассути афсарони ниҳоди амниятии Иёлоти Муттаҳида, ба бемористони минтақа мунтақил шуд.
Сухангӯи Идораи пулиси Метрополитен баъд аз зуҳри якшанбе гуфт, ки вазъияти ин мард вахим аст.
Сухангӯи нерӯи ҳавоӣ ҳам таъйид кард, ки ин ҳодиса марбут ба як халабони фаъол будааст.
Ба гузориши New York Times, ин мард, ки либоси низомӣ ба тан дошт, дар видеое, ки ба сурати зинда аз тариқи интернет пахш кард, гуфт: “Ман дигар дар наслкушӣ шарик нахоҳам буд.” Ӯ сипас рӯйи худаш як мойеи сӯзанда рехт ва бо фарёди “Фаластинро озод кунед!” худро оташ зад.
Пулиси маҳаллӣ ва ниҳоди амниятӣ дар ҳоли баррасии ин ҳодиса ҳастанд.
Гуфтанист, дар пайи бурузи ҷанг миёни Исроил ва Ҳамос ва ҷиноёти ин режим дар Ғазза, сафорат ва консулгариҳои Исроил дар сар то сари Омрико борҳо ҳадафи эътирози мардум ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ қарор гирифтааст.
Reuters
Қаламонлайн