Reuters: Вазири ҷанги Исроил: Телавив пушти сарнагунии давлати Сурия тавассути шӯришиёни Ҳайати Таҳрири Шом буд

Reuters: Вазири ҷанги Исроил: Телавив пушти сарнагунии давлати Сурия тавассути шӯришиёни Ҳайати Таҳрири Шом буд

 Ҳаниаро дар Теҳрон мо терур кардем

Ахбори байналмилал

Исраэл Катс, вазири ҷанги режими Исроил, барои нахустин бор масъулияти терури Исмоил Ҳаниа дар Теҳронро ба ӯҳда гирифт ва ҳамчунин тасреҳ кард, ки Телавив пушти сарнагунии давлати Сурия тавассути шӯришиёни Ҳайати Таҳрири Шом буд.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Исраэл Катс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, тайи суханронӣ дар маросиме муддаъӣ шуд, ки ин режим заработи сахтеро ба яманиҳо ворид хоҳад овард. Вай дар идомаи суханонаш гуфт: “Ҳамон коре, ки дар Ғазза, Лубнон ва Теҳрон анҷом додем, дар Санъо ва Ҳадида низ анҷом хоҳем дод ва ба зерсохтҳои роҳбурдии вобаста ба Ҳусиҳо осеб мерасонем.”

Катс гуфт: “Сарҳои сарони Ҳусиро хоҳем зад ҳамон тавр, ки ин корро бо Ҳаниа, Синвор ва Насруллоҳ анҷом додем.”

Исраэл Катс ҳамчунин эътироф кард, ки Телавив пушти сарнагунии давлати Сурия тавассути шӯришиёни Ҳайат Таҳрири Шом буд.

Бар асоси гузориши Reuters, Катс гуфт: “Мо Ҳамосро шикаст додем, Ҳизбуллоҳро шикаст додем, режими Асадро сарнагун кардем, Ҳусиҳоро низ хоҳем зад ва раҳбарони онҳоро терур мекунем, ҳамон тавр, ки бо Синвор, Ҳаниа ва Насруллоҳ анҷом додем.”

Ва ин дар ҳолест, ки пештар режими Исроил ҳар гуна иртибот бо теруристҳо ва шӯришиён дар Сурияро такзиб карда буд, Телавив аммо билохира ба ин иртибот эътироф кард.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ниёиш
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён

Матолиби пурбоздид