Reuters: Ҳамлаи теруристии Кирмон, кори “ДОИШ-и шохаи Афғонистон” будааст

Reuters: Ҳамлаи теруристии Кирмон, кори “ДОИШ-и шохаи Афғонистон” будааст
Ахбори байналмилал
Reuters
Ниҳодҳои амниятии Омрико гуфтанд, таҳқиқоташон дар мавриди ҳамлаи теруристии рӯзи чаҳоршанбе дар Кирмон, ононро ба ДОИШ-и Афғонистон расондааст.
Ба гузориши хабаргузории Reuters, ду манбаъи огоҳ ба Reuters гуфтанд, раҳгирии иртибототи ҷамъоваришуда тавассути Иёлоти Муттаҳида таъйид мекунад, ки шохаи ДОИШ мустақар дар Афғонистон ду бомбгузориро дар Эрон анҷом додааст, ки наздик ба 100 нафарро дар устони Кирмон кушт.
Ин манобеъ гуфтанд, ки иттилооти онон возеҳ ва ғайриқобили инкор аст. Ин ду манбаъ гуфтанд, ки иттилооташон шомили раҳгириҳои иртиботӣ аст.
Гурӯҳи теруристӣ ва такфирии ДОИШ ҳамалоти интиҳории рӯзи чаҳоршанберо бар ӯҳда гирифта, аммо дар баёнияи ин гурӯҳи теруристӣ ҳеч ишорае ба шохаи Афғонистон нашудааст. Дар ин ҳамалот ҳудуди 90 нафар ба шаҳодат расида ва 104 нафар низ захмӣ шудаанд. Ин бомбгузорӣ яке аз бадтарин ҳамалоти теруристӣ алайҳи мардуми Эрон дар солҳои ахир ба шумор меравад. Эрон рӯзи ҷумъа эълом кард, ки нерӯҳои амниятӣ 11 нафари мазнун ба даст доштан дар ин ҳамларо дастгир ва маводди мунфаҷира ва ҷилиқаҳои инфиҷорӣ низ кашф ва забт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи иттилоотии Омрико мегӯянд, иттилооти мувассақе доранд, ки нишон медиҳад, ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе, кори ДОИШ-и Афғонистон (шинохташуда бо номи “Хуросон”) будааст.
Мақомоти омрикоӣ мегӯянд, дар ҳоле, ки Толибон ДОИШ-и “Хуросон”-ро тазъиф карда ва бархе аз аъзоро водор кардааст, ки Афғонистонро ба мақсади кишварҳои ҳамсоя тарк кунанд, ин гурӯҳ ба тамаркузи худ бар тарҳрезии амалиёти хориҷӣ идома додааст.
Reuters
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вазири умури хориҷаи Фаронса: “Исроил ҳаққи таъйини ояндаи Ғаззаро надорад”
Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба пойгоҳи низомиёни омрикоӣ дар Сурия

Матолиби пурбоздид