Telegraph: “Эрон ва Ҳусиҳо артиши Омрикоро торумор карданд”

Telegraph: “Эрон ва Ҳусиҳо артиши Омрикоро торумор карданд”

Ахбори байналмилал

Telegraph

Нотавонии Омрико дар таваққуфи ҳамалоти Ансоруллоҳи Яман ба киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ дар баҳри Сурх, санади дигаре барои исботи шикасти сиёсатҳои Вошингтун буда ва нишон медиҳад, Омрико бояд қудрати худ ва рақибонашро бо воқеъбинии бештаре арзёбӣ кунад.

Рӯзномаи бритониёии Telegraph дар гузорише ба шарҳи нотавонии Омрико дар муқобила бо ҳамалоти артиши Яман пардохт ва инро нишонае аз шикасти сиёсатҳои иштибоҳи Вошингтун дар қиболи дигар кишварҳои ҷаҳон донист.

Ба гузориш ин рӯзнома, сиёсатмадорони омрикоӣ аз ҳар нигариш ва ҳизбе, ки бошанд, мудом аз ин сухан мегӯянд, ки Омрико дар сар то сари ҷаҳон нуфузи бисёр амиқе дорад ва онро кишваре медонанд, ки агар набошад, дунё чизе кам дорад.

Омрико як чаҳоруми тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст. Артиши ин кишвар дар садри феҳристи дарёфткунандагони будҷаи низомӣ қарор дорад ва маҷмӯъи будҷаи низомии 9 кишвари баъдӣ дар ин феҳрист боз ҳам аз будҷаи низомии Иёлоти Муттаҳида камтар аст.

Ин кишвар ҳамчунин нуфузи фаровоне дар бозаргонии байналмилалӣ дорад ва 58 дарсад аз захоири арзии ҷаҳон ба доллари Омрикост. Вошингтун ҳамчунин нуфузи бисёр зиёде дар ниҳодҳои молии байналмилалӣ монанди Банки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул дорад ва муттаҳидони қудратманде ҳам барои худ баргузидааст.

Бо ин ҳол, Telegraph гузориш дод, сиёсатмадорони Омрико мутаваҷҷеҳ нестанд, ки қудрат лузуман ба маънои нуфуз ва султаи номаҳдуд нест. Меъморони сиёсати хориҷаи Омрико ба иштибоҳ фикр мекунанд, Иёлоти Муттаҳида қудрати бартар аст, ки метавонад азм ва хости худро ба ҳар тариқе шуда, бар дӯстон ва душманон таҳмил кунад.

Ин бовари Вошингтун борҳо дар тӯли замон ба чолиш кашида шудааст, махсусан дар ховари мёна.

Ба гузориши Telegraph, Ансоруллоҳи Яман баҳри Сурхро аз они худ медонад ва аз моҳи ноябр то имрӯз беш аз 100 ҳамла ба киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ анҷом додааст.

Бо оғози ҷанги Ғазза ва дар пайи ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи ғайринизомиён дар ин борика, Ансоруллоҳи Яман эълом кард барои ҳамбстагӣ бо мардуми Фаластин тамоми киштиҳое, ки ба наҳве бо режими саҳюнистӣ иртибот дошта бошандро дар баҳри Сурх ҳадаф хоҳад гирифт.

Ахиран ҳам сухангӯи Ансоруллоҳи Яман гуфт, агар режими саҳюнистӣ ҳамлаи тамомаёр ба шаҳри Рафаҳро оғоз кунад, Ансоруллоҳ омодааст то тамоми киштиҳое, ки аз дарёи Медитарона ба мақсади сарзаминҳои ишғолӣ меравандро ҳадаф гирифта ва амалиётҳои худро ба баҳри Араб ва ҳамчунин уқёнуси Ҳинд ҳам густариш диҳад.

Омрико саъй карда бо ҳамкории Ангилис ва ташкили як эътилофи дарёӣ, бо ин иқдомоти артиши Яман муқобила кунад ва дар ин росто ба мавозеъи Ансоруллоҳ дар Яман ҳамалоти сангине тартиб додааст. Бо ин ҳол, Яман ҳамчунон ба ҳамалоти худ идома медиҳад ва бо ҳамалоти муназзами ҳафтагии худ нишон дода, ки сиёсатҳои Омрико натавониста ҳеч таъсири бар тасмимотм Ансоруллоҳ бигузорад.

Дар гузориши Telegraph омадааст:

“Омрико ағлаб ба қудрати худ ғарра шуда ва тавоноии дигар кишварҳо дар муқобила бо фармонҳои худро нодида мегирад. Вошингтун бо эътимод ба нафси тамом, фикр мекунад тамоми чолишҳои пеши рӯро метавонад ба соддагӣ бартараф кунад.

Аммо воқеияти майдон бисёр печидатар аз инҳост ва вақташ расида, ки мақомоти омрикоӣ ин масъаларо дарк кунанд.”

Telegraph

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қассом аз Лубнон подагони низомии Исроилро мушакборон кард
Яман як новшикани омрикоӣ ва як киштиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод

Матолиби пурбоздид