Wall Street Journal: “Гунбади Оҳанин”-и Исроил қодир ба дафъи ҳамлаи Эрон нест”
Ахбори байналмилал
Як расонаи омрикоӣ бо интишори ёддоште ба баррасии мушкилоти пеши рӯи системи раҳгирии Исроил дар сурати дарёфти посух аз ҷабҳаҳои мухталифи муқовамат ба терури раҳбарон Исмоил Ҳаниа ва Фуод Шукр пардохт.
Рӯзнома омрикоии Wall Street Journal бо интишори ёддоште ба баррасии тавонмандиҳои ҷабҳаҳои муқовамат, ки таҳдиде барои ғалаба бар системҳои раҳгирии Исроил аст, пардохт.
Ин рӯзнома навишт, ки Эрон муҷаҳҳаз ба паҳподҳо ва мушакҳои болистикӣ аст, ки сомонаи “Гунбади Оҳанин”-и Исроил барои раҳгирии онҳо тарроҳӣ нашуда, Ҳизбуллоҳ низ муҷаҳҳаз ба зарродхонае аст, ки шомили даҳҳо ҳазор гулӯлаи хумпора, рокетҳо ва мушакҳои мутанаввеъ аз ҷумла мушакҳои нуқтазан аст.
Қаламонлайн