Абдулборӣ Атвон: Зарбулаҷали Эрон ва Ҳизбуллоҳ ба Омрико

Абдулборӣ Атвон: Зарбулаҷали Эрон ва Ҳизбуллоҳ ба Омрико

Сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм” гуфт, Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ба Омрико барои таваққуфи наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза то рӯзи ҷумъа зарбулаҷал додааст.

Абдулборӣ Атвон, андешманди фаластинӣ ва таҳлилгари матраҳи ҷаҳони араб, дар гуфтори видеоии худ, ки ба сурати рӯзона дар Ютюб мунташир мешавад, гуфт:

“Режими саҳюнистӣ аз таҳдидоти худ мабнӣ бар оғози ҳамлаи заминии ҳамаҷониба ва густурда ба навори Ғазза ақибнишинӣ ва ба амалиёти нуфузи маҳдуд дар манотиқи мухталиф иктифо кардааст.

Бар асоси иттилооти восила, тонкҳои артиши режими саҳюнистӣ дар хиёбони Салоҳуддин воқеъ дар шаҳри Ғазза мустақар шуда буданд, аммо бо ҳамалоти мушакии нерӯҳои муқовамат рӯбарӯ шуда ва дар ҷараёни ин ҳамалот, теъдоде аз низомиёни саҳюнист ба ҳалокат расида ё захмӣ шудаанд. Баъд аз ин ҳамалот, тонкҳои саҳюнист фавран аз минтақа фирор карданд.

Суханони занони исроилии озодшуда тавассути нерӯҳои Қассом, ки аз наҳваи бархӯрди нерӯҳои фаластинӣ бо худ ибрози ризоят карда ва ба шиддат аз амалкарди Натонёҳу интиқод карданд, табдил ба силоҳи дардноке алайҳи мақомоти саҳюнист шуд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои исроилӣ ва ғарбӣ нерӯҳои фаластиниро терурист ва доъишӣ тавсиф мекарданд.

Сайидҳасан Насруллоҳ тайи чаҳор ҳафтаи гузашта сукут карда ва баногоҳ эълом шуд, ки қарор аст рӯзи ҷумъа суханронӣ кунад. Хелеҳо аз ман мепурсанд чаро Сайидҳасан Насруллоҳ рӯзи ҷумъаро барои суханронӣ интихоб кардааст? Бар асоси гуфтаҳои манобеъи огоҳ, Сайидҳасан Насруллоҳ дар ҷараёни дидор бо мақомоти Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар Лубнон, ба онҳо таъкид карда, ки агар моро дар телевизион дидед, бидонед дар баробари як тарҳ ва таҳаввули бузург қарор дорем. Чи басо Сайидҳасан Насруллоҳ талош дорад аз ин тариқ ба фаластиниҳо эълом кунад, ки мо аз шумо дур набуда ва бо шумо дар қалби набард ҳастем.

Мумкин аст Эрон ва Ҳизбуллоҳ ба Омрико ҳушдор дода бошанд, дар сурати адами таваққуфи ин ҳамалоти ваҳшиёна ва наслкушӣ алайҳи навори Ғазза то рӯзи панҷшанбе ё бомдоди ҷумъа, мо вориди набард шуда ва муъодалаи ваҳдати майдонҳои набардро амалиётӣ мекунем. Агар Ҳизбуллоҳ вориди ин набард шавад, режими саҳюнистӣ бо 200 ҳазор мушак рӯ ба рӯ шуда ва шумориши маъкус барои нобудии ин режим оғоз мешавад. Пойгоҳҳои омрикоиҳо дигар дарде аз ин режим даво нахоҳад кард.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нишасти дабири кулли OSCE ва вузарои умури хориҷаи Осиёи Марказӣ
Урдун сафири худро аз Исроил фаро хонд

Матолиби пурбоздид