Абуалӣ Сино ва мусиқӣ
Марҳуми Шайхурраис дар рисолаи “Аҳд”-и худ мегӯяд: “Дар мавриди оҳангу мусиқиву шуниданиҳо тааҳҳуд месупорам, ки аз он чи дар парвариши руҳ муассир аст истифода кунам”. (1)
Дар мабҳаси “Мақомоти орифон” дар намати нӯҳуми китоби “Ишорот” ба “нағмаи рахима” (2) ишора кардааст, ки солик эҳтиёҷ ба “ҳусни савт” дорад. (3)
Он чи аз оҳангу мусиқӣ, ки дар парвариши руҳ муассир аст ва Бӯалӣ истифода аз онро лозим мешуморад, ҳаргиз оҳангу мусиқиҳои шаҳватгуна ва ё садои номаҳрам нест, зеро оҳанги шаҳватбарангез ва садои номаҳрам инсонро аз авҷи моварои табиат ба домани табиат таназзул медиҳад ва қатъан оҳанге, ки инсонро фариштаманиш накунад, аз тааҳҳудоти афроде монанди Бӯалӣ дур аст.
Ҳусни савте, ки хондани Қуръон бо он тавсия шуда ё нағмаи рахимае, ки Бӯалӣ мегӯяд, ки солик ба он ниёзманд аст, савтест, ки дар он, аз назари муҳтаво, на лаҳву лаиб бошад ва на оҳангаш ҷанбаи табииро тақвият кунад, балки нағмаест, ки ҷанбаи моварои табиӣ дошта бошад. Ин матлабро ҳукамои дигаре монанди Шайхи Ишроқ Суҳравардӣ низ дар навиштаҳояшон доранд.
Поварақӣ:
(1) Иборати рисола чунин аст:
والمسموعات یدیم استعمالها على الوجه الذي توجبه الحكمة لتقوية جوهر النفس وتأييد جمع القوى الباطنة لا لما يرتبط بهذه من الأمور الشهوانية
(2) Нағмаи рахима: садои нарм ва ором.
(3) Иборат чунин аст:
وواحد يرجع الى هيئة اللفظ وهو أن يكون بنغمة رخيمة فأن اين الصوت يفيد هيئة ما نحو المسامحة في القول