Агар кумакҳо ва таҳрикоти Амрико набуд, ҷанге дар Украина набуд

Таҳлили хабарӣ

Агар кумакҳо ва таҳрикоти Амрико набуд, ҷанге дар Украина набуд

Таҳлили хабарӣ

Дирӯз Владимир Зеленский, раиси ҷумури Украина гуфт, “Агар кумакҳои таслиҳотии Эрон ба Русия набуд, ба сулҳ наздиктар будем”. Дар посух ба ин суханони Зеленский, коршиносон ва таҳлилгароне гуфтаанд: “Агар кумакҳо ва таҳрикоти Амрико ва НАТО набуд, аслан ҷанге дар байни Украина ва Русия набуд ва алон тамоми минтақа дар сулҳу оромиш қарор дошт”.

Зеленский бо исрор бар ин ки Эрон ба Русия, алайҳи Украина, кумакҳои таслиҳотӣ мерасонад, таъкид кардааст, бо намояндагони Аврупо дар мавриди афзоиши фишорҳо алайҳи Эрон гуфтугӯ кардааст.

Киев муддаӣ шудааст, ҳудуди 400 фарванд паҳподи эронӣ то кунун дар ҳамалоти Русия алайҳи мардуми Украина мавриди истифода қарор гирифта ва Маскав ҳудуди 2 ҳазор фарванди дигар аз ин паҳподҳоро низ супориш додааст.

Инчунин ахиран, сервисҳои иттилоотии Украина, низ гузориш дода буданд, ки мушакҳои баллистики Эрон ҳанӯз вориди Русия нашудаанд, аммо қарордодҳо ва тавофуқот барои ирсоли ин мушакҳо имзо шудааст.

Ин иддаоҳо дар ҳолест, ки назари коршиносон ва таҳлилгарон бар ин аст, ки Амрико ва НАТО бо дахолатҳои беҷо ва таҳрикоти давлати Зеленский, сабабгори аслии ба вуқуъ омадани ин ҷанг дар минтақа шудаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Музокираи Кохи Сафед ва Кремл дар мавзӯи Украина
Ҳамнишини Мӯсо(а)

Матолиби пурбоздид