Аз кӣ бояд бештар тарсид?
Нақл аст, ки дар Юнони қадим, подшоҳе назди марди хирадманде меояд ва аз ӯ мепурсад, ки аз кӣ бояд бештар аз ҳама тарсид?
Марди хирадманд посух медиҳад:
Бештар аз ҳама аз касоне битарс, ки туро ҳамарӯза мадҳу ситоиш мекунанд! Инҳо хатарноктарин афрод барои ту ҳастанд!
Қаламонлайн