Аз саргирии равобити иқтисодии Туркия ва Исроил
Туркия: “Равобити иқтисодӣ бо Исроил метавонад аз сар гирифта шавад”
Ахбори байналмилал
Як мақоми туркияӣ алорағми равобити тиҷории пинҳони Туркия бо Исроил ҳатто дар замони ҷанги Ғазза, аммо гуфт, равобити иқтисодии ин кишвар бо Исроил метавонад аз сар гирифта шавад.
Ноил Улпок, раиси Шӯрои равобити иқтисоди хориҷии Туркия, ки дар нишасте суханронӣ мекард, бо ишора ба барқарории оташбас дар навори Ғазза изҳор дошт: “Туркия метавонад тиҷорат бо Исроилро дар сурате, ки сулҳи Ғазза доим бошад, аз сар бигирад.”
Ба гузориши Arynews.tv, Ноил Улпок дар идома афзуд: “Давоми сулҳ ба ин маъност, ки далели қатъи тиҷорат аз байн рафтааст ва бинобар ин тиҷорат метавонад аз сар гирифта шавад.”
Ва ин дар ҳолест, ки расонаҳои туркӣ, ҳатто дар замони ҷанги Ғазза эълом карда буданд, ки мубодилоти тиҷории Туркия бо Исроил аз тариқи кишварҳои солис монанди Юнон барқарор аст.
Қаламонлайн