Акнун бахшиш кунед…

Адаб

Акнун бахшиш кунед…

Ҷуброн Халил Ҷуброн

… Бархе аз мардум бисёр доранд, аммо андак мебахшанд.

Ва мебахшанд барои он ки шӯҳрат касб кунанд.

Аммо ин хостаҳо боиси беҳудагии бахшиши онон мешавад.

Бархе андак доранд, аммо ҳамаро мебахшанд.

Онон ба зиндагӣ ва ба кушодадастии зиндагонӣ имон доранд.

Ганҷинаҳояшон ҳаргиз тиҳӣ намешавад ва то абад лабрез аст.

Ва бархе аз мардум бо шодӣ мебахшанд.

Ва шодӣ барои онон, подоши ҳамон бахшиш аст.

Бархе бо андӯҳ мебахшанд ва бо дард ғусли таъмид мекунанд.

Ва ҳастанд касоне, ки бе андӯҳу дард мебахшанд ва шодӣ намеҷӯянд ва намехоҳанд бахшишашон бар сари забонҳо биуфтад.

Онон ҳамчун райҳон, ки дар дара бӯи хуш мепароканад, он чӣ доранд мебахшанд.

Худованд бо амалашон сухан мегӯяд ва аз паси чашмонашон бар замин лабханд мезанад.

Ба ниёзмандон бахшидан чӣ зебост!

Ва зеботар аз он, ба касе бахшидан аст, ки аз мо намехоҳад, аммо ниёзи ӯро медонем.

Он кас ки дасту дили худро барои бахшиш бигушояд ва ба дунболи ниёзмандон бошад, шодие болотар ва лаззатовартар аз бахшиш ба даст меоварад.

Оё он чӣ имрӯз андӯхтаед, то абад азони шумо хоҳад буд?

Бе шак рӯзе хоҳад расид, ки дороиятонро аз даст медиҳед.

Акнун бахшиш кунед, то бахшиш фасле аз фаслҳои зиндагониатон бошад ва на азони бозмондагони шумо.

(Баргирифта аз китоби “Паёмбар”, Ҷуброн Халил Ҷуброн)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шокир куҷост?!
Таърихсозон киёнанд?

Матолиби пурбоздид