Аломат ва нишонаи хушахлоқӣ

Адаб

Аломат ва нишонаи хушахлоқӣ

Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ мегӯяд:

Юсуф ибни Асбот гӯяд: аломат ва нишонаи хушахлоқӣ даҳтост:

— раҳо кардани ихтилоф

— боинсоф будан

— ба дунболи ҷустуҷӯи лағзишҳои мардум нашудан

— некӯ кардан (некӯ ҷилва додан)-и он чӣ ба назар бад ҷилва мекунад

— узр ёфтан. (Масалан, як нафар бароятон дар бораи як инсони дигар бад мегӯяд, ки масалан ӯро дар наздикии манзили фалон зани бадкор дидааст ва он гоҳ бароятон чунин илқо кунад, ки гӯӣ ӯ марде бадкор аст. Дар инҷо шумо барои он инсон узр меоваред, ки шояд ба сурати тасодуфӣ онҷо будааст ва набояд зуд доварӣ намуд)

— таҳаммули озору азияти дигарон

— маломат ва сарзаниниши худ (ба ҷои он ки дигаронро муқассир бидонем ва ё маломату сарзаниш кунем)

— ба дунболи айбҳои хештан будан ба ҷойи айб ёфтан ва айб гирифтан аз дигарон

— башшош ва кушударӯй будан барои бузургу кучак

— хушзабонӣ бо ҳамагон, чӣ касоне ки аз шумо болотар ҳастанд ва чӣ касоне ки аз шумо пойинтар.

(Эҳёи улуми дин, ҷ.3, саҳ.113)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Консулгарии Исроил дар Туркия ба оташ кашида шуд
Партоби 50 мушак тавассути Ҳизбуллоҳ ба пойгоҳи ҳавоии “Мирун”-и Исроил

Матолиби пурбоздид