Ё барқ, ё истеъфо

Ё барқ, ё истеъфо
Ахбори минтақа
Дар паи ҷорисозии лимити барқ, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, ахиран, дар фазои маҷозӣ бархе аз шаҳрвандон бошиори “Ё барқ, ё истеъфо” ба таҳдиди ҳукумат ва раёсати ҷумҳурии кишвар пардохтаанд.
Аз ҷумла яке аз корбарон дар сафҳаи шахсиаш навиштааст:
“БАРҚ Ё ИСТЕЪФО
Ё БАРҚ Ё БАЙ-БАЙ!
Талаби мардуми тоҷику шахрвандони Тоҷикистон аз Эмомали Раҳмонуф:
То рузи 1- уми ноябр барқро сар то сарӣ, ба ҳар хонаву дар бидеҳ, дар сурати ба барқ таъмин накардани аҳолии Тоҷикистон мардуми тоҷик омода аст, ки барои талаби хаққи худ ба майдону хиёбонҳо бирезад.
Ё БАРҚ Ё БАЙРАҚ
Ё БАРҚ Ё БАЙ БАЙ!”
Ин корбари фазои маҷозӣ, матни болоро дар сафҳаи шахсии худ, дар паёмрасони Фейсбук гузоштааст.
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исроил сафири Русияро эҳзор кард
Кубо: “Амрико шарики таърихии «барбарияти саҳюнистӣ» аст”

Матолиби пурбоздид