Амрико: Артиши Исроил аз нобудии Ҳамос фарсангҳо дур аст

 

Созмони иттилооти марказии Омрико (CIA): “Артиши Исроил аз нобудии Ҳамос фарсангҳо дур аст”

Ахбори байналмилал

Middle East Eye дар гузорише навишт, афсарони аршади Созмони иттилооти марказии Омрико (CIA), ин ҳафта дар тавзеҳи таҳаввулоти Ғазза, ба аъзои Кунграи Омрико гуфтанд, ки агарчӣ Исроил тавониста тавоноиҳои размии Ҳамосро коҳиш диҳад, аммо дар нобудии он муваффақ набуда ва то расидан ба ин ҳадафи худ, фарсангҳо фосила дорад.

Ин пойгоҳи ангилисӣ ба нақл аз рӯзнома New York Times навишт, давлати Ҷо Бойден ҳамчунин дар бораи ҳадафи эъломкардаи Исроил барои нобудии Ҳамос, тардидҳоеро матраҳ кардааст.

Бар асоси ин гузориш ба нақл аз New York Times, мақомоти Созмони иттилооти Омрико, дар Кунграи ин кишвар пушти дарҳои баста парда аз ҳақоиқи бузурге дар мавриди ҷанги Ғазза бардоштанд ва ба қонунгузорони омрикоӣ итминон доданд, ки агарчӣ Исроил тавониста тавоноиҳои Ҳамосро коҳиш диҳад, аммо бо нобудии он фарсангҳо фосила дорад.

Ба навиштаи New York Times, дар моҳи январ Созмони иттилооти марказии Омрико эълом кард, ки агарчӣ Ҳамос аз 7 октябр то кунун ҳудуди 20 то 30 дарсад аз ҷангҷӯёни худро аз даст додааст, аммо аз таслеҳоти кофӣ барои ин ки ҳамалоти худ ба Исроилро моҳҳо идома бахшад, бархӯрдор аст.

Middle East Eye

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷоҳилият – III
Муқовамати Ироқ: “Ишғолгарони омрикоӣ фақат забони силоҳ мефаҳманд”

Матолиби пурбоздид