Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ
Мактаби андеша
Мутаҳҳарӣ бар хилофи касоне чун Аҳмади Фардид — ки фалсафаи исломиро зотан юнонӣ медонанд — барои фалсафаи исломӣ асолати хоссе қоил аст. Аз ин рӯй, на танҳо монанди Фардид ва асҳоби Мактаби Тафкик, фалсафаи исломиро муғойир бо андешаи асили исломӣ намедонад, балки ҳатто дар решаёбии он ба мутуни динӣ низ руҷӯъ мекунад.
— Мутаҳҳарӣ дар нақди маърифатшиносии Морксизм мӯътақид буд, ки идрок амре моддӣ нест ва мағз фақат як абзор аст ва амали идрок ба василаи руҳи ғайри моддӣ сурат мегирад. Ӯ ҳамчунин мӯътақид буд, ки пули иртиботӣ миёни зеҳн ва хориҷ моҳият аст ва мафоҳими зеҳнӣ осори масодиқи хориҷиро надоранд.
Ба таври мисол, агар ҷисми хориҷӣ дорои ҳаракат аст, ниёзе нест, ки сурати зеҳнии он ҳам мутаҳаррик бошад.
Ҳаракат лозимаи вуҷуди хориҷӣ аст, на вуҷуди зеҳнӣ.
— Масъалаи ақибмондагии ҷомеаҳои мусалмон, аз дағдағаҳои фикрии Мутаҳҳарӣ буд, ки солҳо ӯро ба худ машғул кард.
Мутаҳҳарӣ назарияеро, ки иллати инҳитоти тамаддунҳоро ҳамон иллатҳои эҷоди он медонадро мавриди қабул намедонад.
Ба ақидаи ӯ, яке аз авомили инҳитоти мусалмонон, фаҳми ғалати онҳо аз дин аст.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: