Андешаҳое аз Луқмон Бойматов
Инсон будан, зеботарин ва болотарин сифоти одам аст…
***
Нодида гирифтани озодии баён ва поймол кардани арзишҳои инсонӣ, айни ҳаманд ва ин ду шеваи ҳукуматҳои истибдодианд.
***
Вуҷуди ҳокимони ношоиста ва арбоби ғайримардумӣ боис шуда, ки ақвоми бисёр ва тамаддунҳои номдор аз байн рафтаанд.
***
Ғайрат – рӯи дигари шуҷоату мардонагист.
***
Нафрати хурд вуҷуд надорад ва он ҳамеша бузургу қавӣ аст.
***
Ҳақиқати талхи мондагор дар таърих, ҳамоно хиёнат аст.
***
Чизе, ки сарнавишти миллату ватанро ба сӯи ҳалокату нобудӣ мекашонад, хиёнатҳои аҳли қалам ва таассубҳои мардум аст.
***
Ҳар чӣ дар зоташ накӯст, некзост! Илм маҳсули андеша аст, бояд нек бияндешем.
***
Каломе аз таърих: Дареғо, ба номи пешвоёни палид, ҳазорон мардум зиндагии поки хешро ҳаром кардаанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн