Як мақоми эронӣ: Исроил дар ҳеч замоне ба ин андоза залил нашуда буд

Як мақоми эронӣ: Исроил дар ҳеч замоне ба ин андоза залил нашуда буд

Ахбори байналмилал

Исмоил Қооноӣ, фармондеҳи сипоҳи Қудси Эрон, бо ишора ба ин ки Қудс ҳадафи ниҳоӣ нест, балки Қудс ҳадафи восит аст, таъкид намудааст: Имрӯз ҷавонони фаластинӣ режими саҳюнистиро залил кардаанд ва ин режими ҷинояткор дар ҳеҷ замоне ба ин андоза залил нашуда буд.

Исмоили Қоонӣ  гуфт: Эрони исломӣ мудофеи мазлум аст ва ҳаводиси муҳиммеро пуштибонӣ кардаасту имрӯз Исроил ба зиллат афтодааст.

А гузориши Садои Хуросон, фармондеҳи сипоҳи Қудс афзуд: Исроил дар ҳоли ҳозир ба нуқтае аз зиллат расида, ки давр то даври худро симу радар қарор дода, то касе вориди ҳарими ӯ нашавад.
Қоонӣ хотирнишон кард: Имрӯз ба ҳавли қувваи илоҳӣ ва ба баракати ҳаракати Ҷумҳурии Исломӣ ва рушди фарзандони Ислом дар зери сояи фарҳанги муқовимат, баъзе аз рӯзҳо беш аз 30 амалиёт дар Каронаи Бохтарӣ анҷом мешавад, ки расонаҳои онон талош бар баён накардани он доранд.

Фармондеҳи сипоҳи Қудс ҳамчунин гуфт: Ҳосили муқовимати мардум дар саҳнаҳои гуногун иззат ва эҳтиромест, ки насиби Эрон шудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баргардони осори нависандагон байни Тоҷикистон ва Эрон афзоиш ёфтааст
Андешаҳое аз Луқмон Бойматов

Матолиби пурбоздид