Ансоруллоҳи Яман: Ба зудӣ амалиёти мо дар баҳри Медитарона оғоз хоҳад шуд

Ансоруллоҳи Яман: Ба зудӣ амалиёти мо дар баҳри Медитарона оғоз хоҳад шуд

Як миллион разманда омодаи эъзом ба Фаластин ҳастанд

Ахбори байналмилал

Almayadeen

Вазири иттилоърасонии давлати наҷоти миллии Яман, зимни таъкид бар идомаи амалиёт алайҳи саҳюнистҳо, аз ғофилгириҳои ҷадид ва силоҳи ҷадид хабар дод.

Ба гузориши Алмаёдин, Зайфуллоҳ Шомӣ, вазири иттилоърасонии давлати Санъо, бар идомаи амалиёт дар ҳимоят аз Ғазза таъкид ва эълом кард:

“Амалиёте, ки шурӯъ шудааст поён нахоҳад ёфт магар ин ки ҷанг ва муҳосираи Ғазза поён ёбад.”

Вай афзуд: “Амалиёт дар баҳри Медитарона (Миёназамин) шурӯъ хоҳад шуд ва расади дақиқе вуҷуд дорад ва тайи рӯзҳои оянда шоҳиди эъломи амалиёт хоҳем буд.”

Шомӣ таъкид кард: “Ҳар силоҳ, ки душман ба кор мегирад, мо ба суръат дар ростои тавсиъаи силоҳӣ гом бармедорем, ки бар он ғалаба кунад.”

Вай афзуд: “Шумори размандагони омодаи ҷанг, ба зудӣ ба як миллион разманда хоҳад расид. Душмани саҳюнист фиребкор аст, мо як ҷабҳаи ҳимоятӣ ҳастем ва муроқиб ҳастем, ки дар сурати тавофуқ, таваққуфи ҷанг чӣ гуна иҷро хоҳад шуд.”

Шомӣ баён кард: “Ҳар тарафе дар дунё, ки иртибот бо душмани саҳюнист дошта бошад, тиҷорати он мутаассир хоҳад шуд ва ҳадафе барои нерӯҳои мусаллаҳи мо хоҳад буд. Мо хостаи хоссе дар қиболи ёрии бародарон дар Фаластин надорем.”

Вай афзуд: “Раванди амалиёти ёрӣ ба Ғазза, раванде мутафовит аз раванди мавзӯоти хосси яманӣ аст. Пешниҳодҳое дар изои таваққуфи ёрии миллати Фаластин шуд, аммо барои мо арзише надошт.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи мушакии муқовамати исломии Ироқ ба бандари Ҳифо
Истиқлоли таҷовузшуда – III

Матолиби пурбоздид