Ансоруллоҳи Яман мушаки фаросавт озмоиш кардааст
Ахбори байналмилал
Sputnikarabic
Хабаргузории Спутник ба нақл аз манобеъи огоҳ гузориш дод, Ансоруллоҳи Яман, як мушаки мофавқи савт (тезтар аз суръати садо-савт) бо қобилияти тахриби боло озмоиш карда ва дар ҳоли омода шудан барои афзудани ин мушакҳо ба зарродхонаи низомии худ аст.
Як манбаъи низомии наздик ба Ансоруллоҳи Яман дар гуфтугӯ бо хабаргузории Спутник, зимни эълом ин хабар тасреҳ кард: “Нерӯҳои Ансоруллоҳ ин мушаки мофавқи савтро бо муваффақият озмоиш кардаанд, ки метавонад ба суръати 10 000 километр дар соат бирасад ва бо сӯхти ҷомид ҳаракат мекунад.”
Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, ки Яман қасд дорад тавлиди онро барои истифода дар ҳамалот дар баҳри Сурх ва Араб ва халиҷи Адан ва ҳамчунин алайҳи аҳдофе дар Исроил оғоз кунад.
Ба гуфтаи ин манбаъи огоҳ, ҳамзамон бо озмоиши мушаки мофавқи савт, нерӯҳои мусаллаҳ дар шимоли Яман пас аз озмоише, ки се моҳ ба тӯл анҷомид, мушакҳо ва паҳподҳои худро иртиқо доданд ва кулоҳакҳои инфиҷориро ислоҳ карданд, то қудрати тахриби он 2 баробар шавад.
Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳ, панҷшанбеи гузашта дар бораи талошҳои ин ҷунбиш барои тавлиди мушакҳои мофавқи савт сӯҳбат кард ва гуфт: “Душманон, дӯстон ва мардуми мо шоҳид сатҳе аз дастовардҳои стратегӣ хоҳанд буд, ки кишвари моро аз назари тавоноиҳояш дар зумраи маъдуд кишварҳои дорои ин қобилият дар дунё қарор хоҳад дод.”
Ӯ сипас гуфт, ки нерӯҳои Яман дар амалиётҳои ахир дар баҳри Сурх ва Араб аз таслеҳоти ҷадиде истифода кардаанд, ки Омрико ва Ангилисро шигифтзада кард.
Раҳбари Ансоруллоҳ афзуд, артиши Яман аз 7 октябр то кунун ба 61 киштӣ ҳамла кардааст.
Ба гузориши Спутник, Ансоруллоҳи Яман дар ноябри 2023 эълом кард, ки дар посух ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, ба ҳар киштии муртабит бо Исроил, ки аз баҳри Сурх убур кунад, ҳамла хоҳад кард.
Sputnikarabic
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: