Артиши Яман: Бо мушак ва паҳпод ба аҳдофи муҳимми исроилӣ ҳамла кардем

Артиши Яман: Бо мушак ва паҳпод ба аҳдофи муҳимми исроилӣ ҳамла кардем

Ахбори байналмилал

Артиши Яман: “Бо мушак ва паҳпод ба 4 ҳадафи муҳимми режими саҳюнистӣ ҳамла кардем”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман лаҳазоте пеш баёнияи муҳиммеро дар бораи амалиёти ҷадид алайҳи режими саҳюнистӣ эълом кард, ки тайи он 4 ҳадафи муҳимми ин режим бо мушак ва паҳпод мавриди ҳамла қарор гирифт.

Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар баёнияе, аз амалиёти ҷадид алайҳи режими саҳюнистӣ хабар дод, ки матни он ба ин шарҳ аст:

Дар як амалиёти низомии мунҳасир ба фард, як ҳадафи ҳассос ва муҳимми режими саҳюнистиро дар минтақаи ишғолии Беъруссабъ бо мушаки фаросавт аз навъи “Фаластин-2“ ҳадаф қарор додем.

Ягони паҳподӣ низ тайи се амалиёти низомӣ, се ҳадафи муҳим ва ҳассоси режими саҳюнистиро дар манотиқи Умсурашрош (Илот), Асқалон ва Алхазира дар ҷануби Ҳайфои ишғолӣ мавриди ҳамла қарор дод.

Ин амалиёти низомӣ ба лутфи Худованд, аҳдофи худро бо муваффақият муҳаққақ кард.

Ба ёрии Худованд гузинаҳои ташдиди амалиёти низомиро, ки ба таваққуфи таҷовузот, ҷанги гуруснагӣ ва наслкушӣ, ки режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба роҳ андохта, баррасӣ мекунем.

Ҳаргиз аз мавзеи собити худ дар ҳимоят аз мардуми Фаластини мазлум бо ҳар паёмаде, ки ба ҳамроҳ дошта бошад, ақибнишинӣ нахоҳем кард.

Амалиёти низомии мо танҳо дар сурати поён ёфтани таҷовузоти душман ба навори Ғазза ва рафъи муҳосираи он мутаваққиф хоҳад шуд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ба садои қалбат гӯш деҳ
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҳаракати низомӣ ва илмӣ шитобандатар аз гузашта пеш хоҳад рафт

Матолиби пурбоздид